Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳайати роҳбарии Суди олии иқтисодӣ, Прокуратураи генералӣ ва Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйироти кадрӣ анҷом доданд.
Абдураҳимов Шермад аз вазифаи сардори раёсати ақибгоҳ, Аҳмадзода Сафаралӣ аз вазифаи сардори раёсати хизмати комендантӣ, Зарифбеков Гулбек аз вазифаи сардори раёсати кадрҳо ва таълимоти ҳарбӣ, Қурбонзода Тоҷиддин аз вазифаи сардори раёсати амалиётӣ, Ҳакимзода Сайдалӣ аз вазифаи командири бригадаи махсуси комендантӣ ва Эмомзода Амиралӣ аз вазифаи сардори раёсати тайёрии ҷангии Фармондеҳии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод шуда, ба ҷойи онҳо кадрҳои дигар таъин шуданд.
Бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳриддин Азаматзода Сардори Сарситод-муовини аввали Фармондеҳ, Лутфулло Бобозода муовин оид ба ақибгоҳ, Талбидагӣ Давлатзода муовини Фармондеҳи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тайёрии ҷангӣ ва махсус таъйин гардиданд.
Инчунин, Абдуллозода Зебонисо аз вазифаи раиси суди иқтисодии шаҳри Душанбе, Аминзода Сайдабону Рустам аз вазифаи судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе, Саидзода Зулфия Саид аз вазифаи судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе бо сабаби ба кори дигар гузаштан озод шуда, Файзалӣ Комилӣ раиси суди иқтисодии шаҳри Душанбе ва Саидзода Зулфия Саид судяи суди иқтисодии вилояти Хатлон таъин шуданд.
Ҳамин тавр, Зоирзода Икром Оймаҳмад аз вазифаи муовини Прокурори генералӣ — Сарпрокурори ҳарбӣ, Рофизода Мирзоамон ва Талбакзода Дилшод Саид аз вазифаи муовинони Прокурори генералӣ озод шуда, Каримзода Умед муовини якум, Воҳидзода Ҳабибулло ва Азимзода Сарвар муовинони Прокурори генералӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуданд.