Тағйирёбии ҳарорат - ях ва яхбандӣ аломатҳои хоси охирин рӯзҳои зимистон дар кишвари мо мебошанд. Ин ба он маъност, ки шумо бояд дар бораи омилҳои хатарноки марбут ба ин падидаҳои иқлимӣ фаромӯш накунед ва қоидаҳои бехатариро дар рӯзҳои яхбандӣ риоя намоед.
Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи кишвар маълумот дода, роҳҳои пешгирии ин гуна ҳолатҳоро номбар кардааст:
- Аз пӯшидани пойафзоли пошнабаланд худдорӣ кунед. Шумо бояд рӯи тамоми кафи по қадам бигзоред. Ба оҳистагӣ қадам партоед ва дониставу маконро ташхис карда поятонро монед;
- ба пеши пойятон нигаред, талош кунед болои ҷойи хатарнок по нагузоред. Агар дигар роҳе набошад, яъне атроф ҳама яхпӯш, пас талош кунед мисли як лижарон гузаред;
- ҳангоми гузаштан аз роҳ саросема нашавед, бодиққат бошед. Давидан дар чунин ҳолат манъ аст;
- кӯшиш кунед ҷойе, ки яхбандон аст, аз гӯшаи бехатар убур намоед;
- бояд ҳангоми аз болои ях гузаштан дастонатон озод бошанд, то тавонед мувозинатро нигоҳ доред. Дар ин ҳолат маслиҳат нест, ки бо худ сумка ё ашёи вазнин дошта бошед. Дастонатонро аз киса берун кунед, дасти даруни киса хатари афтодан ва осеб диданро зиёд мекунад;
- ба солмандон тавсия дода мешавад, ки бо асои нӯгаш резинӣ ва чӯби нӯгтезу ба ях халанда аз ҷой ба ҷойи дигар ҳаракат кунанд;
- дар ёд дошта бошед: ба пушт ё рӯ ба боло афтодан хатарнок аст, зеро мумкин аст зарбаи мағзӣ рух диҳад. Дар сурати осеб дидан ҳатман барои ташхис ба табибон муроҷат кунед.
- эҳтиёт кунед ва то ҷое имкон доред, зери девори биноҳо ва дарахтон ҳаракат накунед;
- ҳангоми берун шудан аз биноҳо ба ғарамҳои барф, ях ва шӯшаҳои овезони биноҳову дарахтон ва деворҳо диққат диҳед. Бештар аз ҳама ба бачаҳо таваҷҷуҳ кунед;
- агар вақти гузаштан аз роҳ аз боло садои шубҳаомезеро шунидед, наистед, саратонро боло накунед, балки ба зудӣ аз он макон гузаред ва худро ба зери девор кашед. Эҳтимолан ин лағзиши барфтӯда аст ва ё пораи азими ях;
- агар зарурати гузаштан аз зери қоши иморатҳои бо яхҳои овезон пӯшида пеш омад, пас бе ягон ист хеле басуръат аз он убур кунед;
- дар ҳоли дидани шушаҳои овезони ях дар боми хонаҳо зарур аст ба хадамоти хидматрасонӣ хабар диҳед. Кормандони хидмати коммуналӣ вазифадоранд ба хабари шумо вокуниш нишон диҳанд.
- бояд донист, ки маъмулан шӯшаҳои ях дар новадонҳо ба вуҷуд меоянд, аз ин рӯ, зери намои иморатҳо хатарнок мешаванд. Лозим аст, ки вақти гузор дур аз онҳо гузашт;
- мошинҳои худро дар наздикии биноҳо нагузоред, зери деворҳо ва дарахтон ва сутунҳои барқ ва эълону рекломҳо низ.