Дар ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон дар Рӯзи Парчами миллии Тоҷикистон сегоник ба дунё омад.
Модари хушбахте, ки сегоник ба дунё овардааст, Тахмина Эмомова ном дошта, ҳамагӣ 22 сол дорад.
Таҳмина сокини деҳаи Заркамари ҷамоати деҳоти Миралӣ Маҳмадалиев мебошад.
Тавре расонаҳо иттилоъ доданд, ба гуфтаи Иброҳимзода Сарахон, сардухтури Беморхонаи марказии ноҳияи Восеъ, таваллуди сегоникҳо санаи 24-уми ноябри соли ҷорӣ ба қайд гирифта шудааст. Мувофиқи иттилои сардухтур вазъи сиҳатии модар ва кӯдакон хуб аст, хабар додааст Ҷаҳонгиршоҳ Рустамшоҳ дар саҳифаи фейсбукиаш.
Солҳои охир тавлиди дугонику сегоник дар кишвари мо рӯ ба афзоиш ниҳода, баъзе занони хушбахт ҳатто чоргоник ва панҷгоник ба дунё меоранд.
Тибқи омори охир дар Тоҷикистон таваллуди шашгоник низ ба қайд гирифта шуда буд, вале мутаассифона, баъд аз чанд рӯз ҳамаи тифлакон бо сабаби вазни бениҳоят кам доштанашон вафот карданд.
Таваллуди панҷгоник се сол қабл ба қайд гирифта шуда буд ва хушбахтона панҷгоникҳо то ба имрӯз сиҳату саломатанд.