Мадина Ақназарова яке аз сарояндаҳои ҷавону хушовози тоҷик мебошад, ки дар дилу дидаи ҳазорон нафар роҳ ёфта, маҳбуб гаштааст. Ин сарояндаи ҷавону боистеъдод вақтҳои охир ба мухлисонаш зуд-зуд таронаҳои худро пешкаш месозад, ки дар як муддати кӯтоҳ дар дили ҳамагон ҷой мешавад.
Рӯзи гузашта Мадина таронаи нави худро бо номи “Мастам аз нигоҳат” дар ютуб-канали худ пешкаши ошиқони савту наво сохт. Ин таронаи ҷаззоби ошиқонаро дар 20 соат зиёда аз 80 ҳазор нафар тамошо карда, ба ҳунари волои сароянда баҳои хеле баланд додаанд. Матни суруд аз Ақназар Аловатов буда, оҳанг аз Хушбахт Ниёзов мебошад.
Мадина як моҳ қабл ҳам сурудеро бо номи “Ишқи ман” нашр карда буд, ки то имрӯз зиёда аз 2,7 миллион нафар тамошо кардаанд.
Ёдовар мешавем, ки Мадина Ақназарова 15-уми феврали соли 1998 дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғди Тоҷикистон таваллуд шудааст. Волидонаш зодаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мебошанд. Ӯ ба Коллеҷи мусиқии ба номи Аҳмад Бобоқулов барои таҳсили вокалҳои академӣ дохил шуда, сипас фаъолияти мусиқии худро оғоз намуда, таҳсилро дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон идома додааст.