Sebiston new 2024 october
ТАНИ УРЁН ВА ВОКУНИШИ МУСУЛМОНҲО НИСБАТИ ДИНА САЕВА
5510

 

"Маликаи TikTok" - блогери машҳур аз Тоҷикистон Дина Саева аксу видеоҳои нимурёни пас аз табобаташро дар Instagram ва дар TikTok кӯтоҳ нашр кардааст. Ин аксу видеоҳои Дина, ки дар даруни ҳавзу болои барф гирифта шуда дар онщо блогер қариб урён аст, тамоми истифодабарандагони сомонаҳои иҷтимоиро ба по хезонд.

Дар зери аксҳояш Мадина дар бораи ҳиҷоб ва дини ислом изҳори андеша намудааст ва маҳз ҳамин суханони блогер дар мавриди дини мубини ислом тамоми мардумро зидди Дина шӯронида, боиси ба сараш рехтани борони дашному ҳақорат ва ҳатто таҳдиди куштор гаштанд. Бино ба гуфтаи худи блогер, корбарони сомонаҳо ҳатто рақаму суроғаи наздикону пайвандони ӯро пайдо карда ба онҳо паёмакҳои хислати таҳдид дошта ирсол кардаанд.

“Ман зебогиро дӯст медорам ва мехоҳам онро ба ҳама нишон диҳам. Ман озодиро меписандам. Ислом дар пӯшидани ҳиҷобу маҳкам кардани мӯю рӯйи занон нест. Бадани ман-зебоии ман аст ва ман ба касе, ки мехоҳам, онро намоиш медиҳам. Ин зебогиро ҳар яки шумо доред ва метавонед, ки онро танҳо ба шавҳарҳоятон нишон диҳед, ин интихоби шумост!”-иброз доштааст блогер.

Як нафар истифодабарандаи инстаграм ба бародари Дина паёмак навишта ӯро номарду даюс хондааст ва хоҳиш кардааст, ки хоҳарашро зери назорат қарор диҳад, вагарна сарашро аз танаш ҷудо мекунанд.

Дина ҳама паёмаку дашномҳоро ба қавле “скриншот” карда дар саҳифаи шахсиаш дар инстаграм гузоштааст ва дар охир чунин қайд кардааст: “Агар бо ман чизе шуд, фақат мехоҳам ҳаминро гӯям, ки ман ҳама динҳоро дӯст медорам ва ҳурмат мекунам. Ташаккур ба ҳама барои дастгириҳоятон. Ҳамаатонро дӯст медорам.

Аксу видеоҳои нимурёни Динаро худи сомонаи Инстаграм пок кард.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД