Салом! Ман марди 45-сола ҳастам ва зиёда аз 20 сол боз ронандагӣ мекунам. Азбаски ронандаи автобус ҳастам, субҳи солеҳон бонги хурӯс набаромада ба кор меравам ва нимашаб хаставу лакот ба хона меоям.
Рӯзи дароз нишастан ба саломатиам бетаъсир намонда, ба бемории ҷонкоҳи простатит гирифтор шудаам. Аз серкорӣ вақти ба духтур рафтан ҳам надорам. Ҳолам рӯз то рӯз бадтар шуда истодааст. Илтимос, ягон роҳи осони табобати ин касалиро бигӯед, то ҷонам аз дарду ранҷу азоб халос шавад.
М.С, сокини шаҳри Душанбе.
Бародари азиз! Маъмулан ба бемориҳои ғадуди таносулӣ мардони аз 50-60- сола боло гирифтор мешаванд, вале баъзан ҷавонмардон низ аз бепарвоӣ нисбат ба саломатии худ ба ин касалӣ мубтало мешаванд.
Простатит бемории ҷиддӣ буда, дар сурати табобат накардан касро ба дигар касалиҳо мубтало гардонида метавонад. Бинобар ин, мардонро лозим аст, ки бо мушоҳида намудани аввалин нишонаҳои простатит ҳатман ба табибони уролог ё андролог муроҷиат намоянд.
Барои аниқ кардани беморӣ табиб ташхиси УЗИ таъин мекунад, бар замми ин, ҳатман пешоб супоридан лозим аст. Простата чирк гирифта бошад, маҳс-массаж аз роҳи маъқад зарур аст, то чирк хориҷ шавад, зеро бидуни ин амал табобат суд намебахшад. Аммо набояд дар ин кор, яъне массаж ба зиёдаравӣ роҳ дод. Албатта бо кӯмаки гулу гиёҳҳо низ ба шахсони гирифтори простатит кӯмак расонидан имконпазир аст. Айни замон банда чанд давои санҷидашударо ба шумо пешниҳод месозам, вале бори дигар таъкид мекунам, ки ҳатман як маротиба ба духтури уролог ё андролог муроҷиат намуда, аз ташис гузаред.
Мӯъҷизаи оби пиёз
Хонае нест, ки дар он пиёз ёфт нашавад. Ҳамагон онро барои пухтани ғизо истифода мебаранд, вале кам касон аз хусусиятҳои табобатии пиёз огоҳӣ доранд. Пиёз ба чандин дардҳо, аз ҷумла ба бемориҳои мардона низ давост. Шуморо лозим аст, ки ҳамагӣ 50 гр., пӯсти пиёзи бехиро дар 700 гр., об муддати 4-5 дақиқа ҷӯшонда, баъд оташро хомӯш намоед. Як соат пас оби пиёзро аз дока полонед ва 1 пиёлагӣ пеш аз хӯрок ва баъди хӯрок истеъмол кардан гиред. Ин амалро чанд рӯз такрор кунед, натиҷаашро мебинед.
Давои гиёҳӣ барои табобати простатит
Барои табобати простатит аз растаниҳои шифобахш низ даво тайёр кардан мумкин аст. Миқдори баробари гиёҳҳои раҳдавак, газанда, ҷаъфарӣ (петрушка), барги марминҷон, думи гов ва гули гандумро гирифта, бо ҳам омехта созед. Ҳар рӯз 2 қошуқ аз ин гиёҳҳои омехтаро дар чойник андозед ва аз болояш тахминан 400 гр., оби ҷӯшидагӣ рехта, даҳони зарфро маҳкам кунед. Ҳудуди 1 соат пас бояд гиёҳобро аз дока полонед. Рӯзе 4 маротиба ним истаконӣ пеш аз хӯрок аз ин даво нӯшидан гиред, ба зудӣ аз ранҷу азоби простатит раҳоӣ меёбад. Ногуфта намонад, ки гиёҳҳои морчӯба, мармарак, чилбуғум ва газна низ ба дарди шумо даво гашта метавонанд. Як нуктаро таъкид карданӣ ҳастам, ки аксари беморон як одати бад доранд, ҳамин ки ҳолашон камтар беҳтар шуд, табобатро қатъ мекунанд. Албатта ин хатои бузург аст, барои он ки ба пуррагӣ аз ранҷи беморӣ халос шавед, табобатро то ба пуррагӣ шифо ёфтан идома додан лозим аст.
Давои ширин
Акнун ба шумо як давои ширин ва хушмаззаро тавсия медиҳам, ки ҳам аз хӯрданаш лаззат мебаред ва ҳам шифо меёбад. Ин давои беназир анҷир мебошад. Ҳар бегоҳ 3-4 дона анҷири хушкро дар оби ҷӯш тар кунед ва субҳгоҳон аввал анҷирро хӯрда, баъд обашро нӯшед. Саломат бошед!