Табибони тоҷик дар самти гузаронидани амалиёти ҷарроҳии пайвандсозии узвҳои инсон ба дастовардҳои зиёде ноил гаштаанд. Дар соли 2024 дар ҷумҳурӣ 298 амалиёти ҷарроҳии пайванди узв гузаронида шудааст.
Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ маълумот дод.
Дар посух ба саволи хабарнигори сомонаи Oila.tj Фирӯза Сатторӣ дар боби намудҳои ҷарроҳии пайвандсози узвҳои инсон дар Тоҷикистон ва тартиби пайдо намудани донор барои маризоне, ки ба пайванди узв ниёз доранд, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ гуфт: “Айни замон дар Тоҷикистон бештар ҷарроҳии пайванди гурда ва ҷигар анҷом дода мешавад. Аз 298 ҷарроҳии пайванди узвҳои инсон 192 амалиёти пайванди гурда ва 67 пайванди ҷигар мебошад, ки 12 нафарашон кӯдакон буданд. Дар 30% ҳолатҳо узв барои пайвандсозӣ аз хориҷи кишвар ворид карда шудааст“.
Тавре вазири тандурусӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ гуфт, аслан дар Ҷуҳурии Тоҷикистон тибқи қонун барои пайвандсозӣ истифода бурдани узвҳои хешутабор ва истифодаи узвҳои инсон пас аз фавт иҷозат дода шудааст, аммо баъзе хешовандон ба додани узви худ розигӣ диҳанд ҳам, барои истифодаи узв баъди фавти шахс розигӣ намедиҳанд ва то ба ҳол роҳи ҳалли ин масъаларо пайдо накардаанд.
“Дар тамоми давлатҳо, ҳатто дар кишварҳои исломӣ ин намуди ҷарроҳӣ гузаронида мешавад ва узвҳои шахсони фавтидаро барои пайвандсозӣ истифорда мебаранд, вале мутаассифона то ба имрӯз дар мо пайванди узви шахси фавтида таҷриба нашудааст”,- гуфт вазир.
Ба қавли Абдуллозода, табибони тоҷик дар самти пайванди узвҳои инсон дар Русия ва Эрон таҷриба андӯхтаанд ва имрӯз мутахассисони моро барои гузаронидани амалиёти пайванди узв ба дигар кишварҳо даъват менамоянд. Аз ҷумла, дар соли 2024 табибони тоҷик дар шаҳри Тошкенти кишвари ҳамсояамон Ӯзбекистон 12 амалиёти ҷарроҳии пайванди узвҳои инсонро гузаронидаанд.
“Имконияти пайванди дил, рӯда ва ғадуди зери меъда низ вуҷуд дорад. Умуман, дар самти пайвандсозии узвҳои инсон табибони тоҷик ба дастовардҳои зиёде ноил гаштаанд. Дар Тоҷикистон имрӯз баъзе амалиётҳои пайванди узви инсон гузаронида мешаванд, ки дар давлатҳои дигар ҳанӯз гузаронида нашудаанд, аз ҷумла ҷарроҳии репид, ки дигарон ҳанӯз таҷриба накардаанд, вале мо ин амалиётро алакай гузаронидем”,- гуфт вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода.
Дар идома вазир гуфт, азбаски пайвандсозии увзҳои инсон дар Тоҷикистон арзонтар аст, маризон аз дигар кишварҳо низ барои анҷом додани амалиёти пайванди ин ё он узв ба Тоҷикистон меоянд. Табибони машҳур аз Эрон ва Федератсияи Россия ба Тоҷикистон омада, барои гузаронидани амалиёти пайвандсозии увзи инсон бо табибони тоҷик ҳамкорӣ мекунанд.