gazprom august 2025
Табибон роҳи табобати аутизмро бо як дона сӯзандору ёфтанд
185

Як гурӯҳ табибони Стэнфорд тадқиқот гузаронида, кашф кардаанд, ки ҳолати гиперактивӣ дар ядрои ретикулярии таламус бо рафтори ба аутизм монанд алоқамандӣ дорад. Онҳо доруи Z944-ро, ки фаъолияти нейронҳоро дар ин минтақаи майна пахш мекунад, дар мушҳо озмоиш намудаанд.

Пас аз гузаронидани ҳамагӣ 1 дона сӯзандоруи Z944 аломатҳои аутизм ба таври назаррас коҳиш ёфта, мушҳо аз садову рӯшноӣ камтар метарсидагӣ шудаанд. Ҳолати гиперактивӣ ва ҳаракатҳои стереотипӣ дар ҷонварон кам шудааст.

Доруи мазкур қаблан ҳамчун воситаи табобати эпилепсия ҳисобида мешуд. Озмоишҳои клиникӣ идома доранд ва табибон мехоҳанд дар заминаи он барои табобати одамони гирифтори аутизм доруи махсус бисозанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД