arzon replenishment
Табиби тоҷик чӣ тавр актёри синамои турк шуд?
1184

 

Муҳаммадҷобир Ҷалилови 28-сола зодаи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе буда, тавонистааст ба синамои турк роҳ ёбад.

Аслан вай аз хурдӣ мехост табиб шуда, ба дарди дардмандон даво бахшад, аз ҳамин хотир бештар китобҳои ба илми тиб алоқамандӣ доштаро мутолиа менамуд. Пас аз хатми мактаби миёна бо донишу қуввати худаш ба факултаи тиббию фармасевтии ДМТ дохил шуда, пас аз хатми донишгоҳ дар Коллеҷи тиббии ноҳияи Рӯдакӣ ва сипас дар Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон аз фанҳои тахассусии фарматсевтӣ дарс мегуфт. Баъдтар барои таҷрибаи бештар андӯхтан ба Ҷумҳурии Беларус сафар кард ва чанд муддат он ҷо фаъолияташро идома дод, вале тақдир ӯро бо роҳи дигар бурд...

Вохӯрии тақдирсоз

Муҳаммадҷобир пас аз муддате бо мақсади сайру саёҳат ва тамошои ҷойҳои зебову афсонавии Истанбул ба кишвари Туркия сафар намуд. Дар он ҷо бо дӯсташ Сомон, ки дар филмҳои туркӣ нақш меофарид, вохӯрд ва ҳамин боис гашт, ки ба синамо рӯ орад.

"Вақте ҳамроҳи Сомон ба сайругашт баромадем, ӯ гуфт, ки метавонӣ ту ҳам дар чунин филмҳо нақше офарӣ. Чун аз хурдӣ ба ҳунармандӣ мароқ доштам, пешниҳодаш писандам омад. Ҳамин тавр маро тариқи кастинг ба кор қабул карданд. Бори аввал дар филми "Зафаран ранга" нақши корманди ҳукумати Ататуркро бозидам, ки бароям хеле маъқул аст",- гуфт Муҳаммадҷобир.

Қаҳрамони мо дар филмҳои машҳуру сербинандаи туркӣ, аз қабили "Курулуш Усмон", "Кирлангич", "Зафаран ранга", "Салоҳиддин Аюбӣ" ва "Абӯалӣ ибни Сино" нақшҳои ҷолиб офаридааст. Ин филмҳо бо чандин забонҳо тарҷума шудаанд. Ӯ дар ин филмҳо бештар нақшҳои сафир, шамшерзан, аскар, савдогар, табиб, харидор, дарвеш, фурӯшанда, асир, корманди ҳукумат ва ғайраро иҷро мекунад.

Қаҳрамони мо мегӯяд: "Аксарият гумон мекунанд, ки бозидани нақшҳои хурд душвор нест, вале дар нақшофарӣ ҳар як ҳаракат, нигоҳ қадам муҳим аст. Дар умум образи меофаридаи ҳунарманд бояд аз қолаб берун набошад ва тарзе иҷро шавад, ки тамошобин ба ҳақиқат будани он бовар кунад".

Назар ба гуфти ҳамсӯҳбати мо, ҳар як ҳунарманд новобаста аз он, ки кадом нақшро меофарад, бояд ҳушёриро аз даст надиҳад, зеро як хатои ӯ метавонад меҳнати садҳо нафарро барбод диҳад. Ҳунармандони дигар маҷбур мешаванд, ки аз нав нақшҳои офаридаашонро иҷро намоянд.

Муҳаммадҷобир Ҷалилов ба синамо сахт меҳр бастааст ва минбаъд дар филмҳои туркӣ нақшҳои асосиро бозӣ мекунад. Новобаста ба фаъолияташ дар синамо вай касби табибиро низ партофтанӣ нест ва ба наздикӣ рисолаи номзадиашро дар соҳаи тиб ҳимоя мекунад.

Абдуғаффор ШОДИЕВ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД