Arzon march 2024
Сюрпризи Мубориз Усмонов ва Рустам Азимӣ ба мухлисонашон
841

Мубориз Усмонов ва Рустам Азимӣ дар якҷоягӣ барои мухлисони хеш дирӯз як сюрприз намуданд. Ин сюрприз албатта дуэти онҳост.

Ин дуэт дар ютуб-канали Мубориз Усмонов бо номи “Сурайё” пешкаш гардид, ки дар 17 соат зиёда аз 115 ҳазор нафар онро дидан намуданд. Ин клиптарона бо стили ретро сабт гардидааст. Матни суруд аз Эҳсон Азамиён ва Озарахш буда, оҳанг аз Шаҳбоз Носирҷонов аст.

Дар клип дида мешавад, ки Мубориз ва Рустам ба духтараке бо номи Сурайё ошиқ мешаванд. Ҳарду зиёд талош меварзанд, ки Сурайё яке аз онҳоро интихоб кунад. Вале дар охир заҳматҳои ҳарду бенатиҷа анҷом ёфта, Сурайё бо дигар кас оиладор мешавад.

Рустам Азимӣ зимни суҳбат бо сомонаи Oila.tj чунин қайд намуд: “Клиптаронаи мазкур дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд сабт гардидааст. Тавлиди клиптаронаи мазкур ҳангоми дар якҷо нишастан бо Мубориз Усмонов пайдо шуд. Вақте дар якҷо нишаста суҳбати дӯстона доштем, оҳангсоз аз Ӯзбекистон равон кард оҳангҳояшро, гӯш кардем, ҳамин оҳанг писанд омад. Баъдан ҳарду пешниҳод кардем, ки мо ҳам ба ҳамин монанд як дуэт хонем. Ҳамин гуна, дуэти мо омода шуд ва пешкаши мухлисон гашт. Боварӣ дорам ба мухлисон писанд меояд”.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД