Манижаи Сангин-тоҷикдухтаре, ки имсол Русияро дар озмуни “Евровидение” намояндагӣ мекунад, ҳамеша дар ҷои аввал буду мемонад.
Айни замон вай барои баромад кардан дар шаҳри Ротердам тайёрии ҷиддӣ дида истодааст. Манижа духтари боирода буда, ба тамоми эрод ва суханҳои номуносибе, ки корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ дар борааш менависанд, аҳамият намедиҳад. Алорағми бадхоҳон ва душманонаш Манижа ҳамеша кӯшиш мекунад, ки ба пеш ҳаракат кунад.
Манижаи Сангин, тоҷикдухтаре, ки аз номи Россия баромад мекунад дар Ютуб ҳудуди 9 030 078 бинанда дорад ва дар байни довталабони ин озмуни баландпоя дар ҷойи аввал меистад. Аз ин 9 млн тамошобин ба 262 ҳазор нафар видеои таронаи Манижаи Сангинро писанд омадааст, вале 163 ҳазор нафари дигар суруди ӯро написандидаанд. Шумораи шарҳҳо дар зери видео 164 ҳазор мебошад.
Ҷойи дуюмро намояндаи Сербия бо суруди “LOCO LOCO” ишғол карда меояд, ки 8 277 262 тамошобин дорад. Ин тарона ба 117 ҳазор нафар хуш омада, 17 ҳазор нафар онро мақул накардаанд. 29 ҳазор нафар фикри худро дар зери видео баён кардаанд.
Ҷи Ма Касе бо суруди “Destiny” дар ҷойи 3-юм қарор дорад. Овозхон аз Малта буда, таронаи озмуниашро 5 468 506 нафар аз назар гузаронидаанд. Суруди ин сароянда ба 44 ҳазор нафар писанд омада, 7,2 ҳазор нафар сурудро хуш қабул накардаанд. Зери ин суруд 7,9 ҳазор нафар шарҳ навиштаанд.
Ёдовар мешавем, ки МанижаиСангин аз хурдӣ ба шаҳри Москва кӯчида, шаҳрвандии Русияро дорад, вале аз тоҷик будани худ ҳамеша фахр мекунад. Умед мебандем, ки ин тоҷикдухтари ҷасуру хушсадо дар “Евровидение” ҷойи аввалро соҳиб мешавад.