Arzon march 2024
СУРАЙЁ ҚОСИМОВА ВА ШАВҲАРИ НАВАШ СОҲИБИ ФАРЗАНД ШУДАНД?
17885

 ОВОЗА

 Салом ба аҳли эҷоди ҳафтаномаи “Оила” ва хонандагони бешумори он. Муаллима ҳастам ва дар яке аз мактабҳои шаҳр аз фанни забони русӣ ба бачаҳо дарс мегӯям. Ҳафтаи гузашта модари як талабаам ба наздам омаду хост, ки ҳамроҳ оиди фарзандаш суҳбат кунем.

Азбаски вақти кофӣ надоштааст, танаффусро мунтазир нашуда, ҳамагӣ барои панҷ дақиқа аз дарс баромадам, то бо ӯ ҳамсуҳбат шавам. Вақте баргашта ба синф даромадам, ҳамаи бачаҳо дар як ҷо ҷамъ шуда, аз телефон чизеро бо шавқ тамошо мекарданд. “Канӣ, телефонатро ба ман деҳ!

Кӣ ба ту иҷозат дод, ки ба мактаб телефон биёрӣ?

Магар намедонӣ, ки ба мактаб бо телефони мобилӣ ворид шудан қатъиян манъ аст?
” гуфта, телефонро аз дасти соҳибаш гирифтан хостам. “Муаллима, муаллима, Сурайё Қосимова ва шавҳари наваш соҳиби фарзанд шудаанд” гуфтанд бачаҳо ва хостанд, ки ман ҳам он наворро тамошо кунам. Дар назди хонандагон тавре рафтор кардам, ки гӯиё нисбати фарзанддор шудани Сурайё Қосимова бефарқ ҳастам. Намедонам, бачаҳо ба ман рост гуфтанд ё дурӯғ, аммо то ҳол он гапро фаромӯш карда наметавонам.

Яъне, магар имкон дорад, ки як зани синну солаш аз шаст гузашта фарзанддор шавад?

Аз шумо-кормандони ҳафтаномаи “Оила” хоҳиш мекунам, ки ҳақиқати ин овозаро аниқ кунед, то дилам ором бигирад. Бояд бигӯям, ки дар фикри бадиву бахилии касе нестам, танҳо аз рӯйи кунҷкобӣ инро донистам мехоҳам. Охир, Сурайё Қосимова шахсе нест, ки нисбаташ бетаваҷҷуҳ бошем. Ӯ сароянаи даврони мост, мо бо сурудҳои ӯ бузург шудаем. Дар охир ба ин бонуи ҳунар фақат хушбахтӣ мехоҳаму бас.

Санавбар Ғозиева,

сокини ш.Душанбе

Ҳақиқат

Салом, Санавбари гиромӣ! Номаи шумо дар ҳоле ба дастамон расид, ки Сурайё Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон, модари овозхонҳои шинохта Шабнами Сурайё ва Фарзонаи Хуршед санаи 22-юми апрели имсол 64-солагии худро ҷашн гирифт. Примадоннаи санъати тоҷик дар як суҳбати кутоҳ ба “Азия-Плюс” гуфтааст, ки бинобар ба моҳи шарифи Рамазон рост омадани зодрӯзи имсолааш муваққатан аз эҷод дур шуда, дар хона ба тоату ибодат машғул аст. “Ба наздикӣ ҳамроҳи шавҳарам ба шаҳрҳои Тошканду Истанбул сафар доштем. Хушбахтона, пеш аз моҳи Рамазон сафарамон хуб гузашт. Аз зиндагиам шикояте надорам ва ба ҳама занҳои тоҷик тавсия медиҳам, ки агар хушбахт шудан хоҳанд, мисли ман оила барпо кунанд”,-гуфтааст бону Сурайё Қосимова. Овозхон дар мавриди фарзанддор шуданаш гуфтааст, ки овозаҳои бофтаи мардум дурӯғанд ва ӯву шавҳараш ҳоло соҳиби фарзанд нашудаанд. Хабари шавҳари ҷавон кардани Сурайё Қосимова моҳи сентябри соли гузашта баъди ба Интернет роҳ ёфтани чанд навори тӯяш барқсон паҳн шуд. Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ овозхонро аз он ки бо марди аз худаш қариб 20 сол хурд оиладор шудааст, зери тозиёнаи танқид гирифта буданд. Он замон овоза паҳн шуда буд, ки шавҳари овозхон ҳамагӣ 32 сол дорад. Баъдан Пӯлод Шаропов, шавҳари овозхон дар суҳбат ба хабарнигорон гуфт, ки на 32-сола, балки 45-сола асту бо Сурайё Қосимова аз рӯи муҳаббату ишқи пок хонадор шудааст. Шаропов аз ҳамсари аввалааш ҷудо шуда, се фарзанд дорад ва Қосимова барояш ҳамсари дувум мебошад. Ӯ варзишгар буда, ба соҳибкорӣ низ машғул аст. Феълан Сурайё Қосимова ва шавҳараш дар шаҳри Душанбе зиндагӣ мекунанд ва чуноне ки овозхон мегӯяд, ҳамроҳ хушбахтанду ба дигарон низ хушбахтӣ мехоҳанд.

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД