Дар вилояти Суғд ҷаласа вобаста ба пурра гузаштан ба системаҳои электронии бақайдгирии таваллуд, фавт, ваксинатсия ва дигар модулҳои иттилоотии соҳаи тандурустӣ, инчунин омодабошии муассисаҳои тиббӣ барои ҷорӣ намудани модулҳои нави электронӣ баргузор гардид.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷаласа таҳти роҳбарии муовини вазири тандурустӣ Ҳабибулло Хайруллозода ва директори Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии омор ва иттилооти тиббӣ” Шамсуллозода Манучеҳр доир шудааст.
Дар кори ҷаласа роҳбарони ҳамаи муассисаҳои тиббии вилояти Суғд иштирок намуда, масъалаҳои марбут ба сатҳи омодагии муассисаҳо, ҳолати татбиқи системаҳои электронӣ, мушкилоти мавҷуда ва тадбирҳои иловагӣ барои таъмини гузариши пурра ба платформаҳои рақамӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд.