Муҳаммадризо Шаҷариён, мусиқидон ва овозхони маъруфи Эрон баъд аз нисфирӯзии 8 октябр бар асари бемории саратон дар сини 80 - солагӣ даргузашт. Дар ин бора писари ӯ Ҳумоюн Шаҷариён дар сафҳаи «Инстаграм»-и худ хабар дод.
Овозхон солҳои охир бо бемории саратон мубориза мебурд ва чанд бор дар беморхона бистарӣ шуд. Муҳаммадризо Шаҷариён дар моҳи марти соли ҷорӣ аз хабари мубтало шуданаш ба бемории саратон дар паёми видеоие хабар дода буд. Муҳаммадризо Шаҷариён дар ин паём гуфт, дар бистари беморӣ бо саратон мубориза мебарад. Ба гуфтаи ӯ, ин дард меҳмони нохондаест, ки 15 сол боз дари ӯро мекӯбад.
Шаҷариён машҳуртарин ва маҳбубтарин хонандаи табақаҳои гуногуни мардуми Эрон давоми чил соли охир ба шумор мерафт. Пас аз соли 2009 иҷозати баргузории ҳеҷ гуна консерте дар Эрон ба ӯ дода нашуд. Муҳаммадризо Шаҷариён дар аввалҳои солҳои навади асри гузашта ба Тоҷикистон сафар карда буд. Ӯ дар Тоҷикистон низ маҳбубияти зиёд дорад.
Ӯ мусиқидон ва хонандаи сабки асили эронӣ буд. Шаҷариён ҳамчунин хушнавис дар хатти настаълиқ, раиси Шӯроии олии хонаи мусиқии Эрон, бунёнгузори гурӯҳи Шаҳноз ва навозандаи чанд сози мусиқӣ буд. Ӯ дар қироъати “Қуръон” низ маъруф буду “дуои Раббано” маъруфтарин тиловати қуръонии ӯ буд; Ин асарро Созмони мероси фарҳангии саноеъи дастӣ ва гардишгарии Эрон ба унвони асари миллӣ сабт кардааст.
Муҳаммадризо Шаҷариён 1 меҳри соли 1319 (23 сентябри 1940) дар Машҳад ба дунё омадааст. Хонданро аз кӯдакӣ бо ҳамон лаҳни кӯдакона оғоз кард. Аз кӯдакӣ, бо тавваҷуҳ ба истеъдоду садои хубаш, таҳти таълими падар, ки худ қории Қуръон буд, машғул ба ташаккули садои хеш шуд.
Шаҷариён аввалин ҳунарманд нест, ки ба бемории саратон дар Эрон мубтало. Соле қабл, Муртазо Пошоӣ, хонандаи саршиноси попи Эрон бар асари сартони меъда аз дунё даргузашт. Даргузашти ӯ мотаме дар шаҳри Теҳрон барпо карда буд ва мардум бо сурудани таронаҳои ӯ, дар маросими видоъ ё хоксупориаш «тӯфон» барпо карда буданд. Ҳар сол ҳадди ақал як нафар ҳунарманд дар Эрон бар асари бемориҳои табобатнашаванда мефавтад.
Ду сол қабл, Ҳабиб - яке аз сарояндагони саршиноси попи Эрон низ бо иллати сактаи қалбӣ даргузашта буд. Ӯ низ чун Муҳаммадризо таҳти фишору назорат буд ва натавонист то охирин лаҳзаҳои умраш консерт баргузор кунад.
Муҳаммадризо Шаҷариён барои тоҷикон ва Тоҷикистониён ошност. Зеро ӯ дар замоне, ки Тоҷикистон ҳанӯз таҳти фармони Шӯравӣ буд, ба шаҳри Душанбе омада ва дар Кохи Борбад консерт баргузор карда буд.
Муҳаммадризои Шаҷариён дар тӯли солҳои фаъолияти ҳунариаш албомҳои бисёреро ба алоқамандони шеъру мусиқӣ тақдим кард .
Оҳанги "Мурғи саҳар"-и Шаҷариён бо шеъре аз Малик-уш-Шуарои Баҳор маъруфтарин кори ӯ аст, ки тақрибан ҳамаи эрониён онро мешиносанд .
Бо тавваҷӯҳ ба вазъияти пандемия маросими хайрбод бо ин устоди бузурги мусиқии Эрон баргузор нашуд ва пайкари устод Шаҷариён пас аз интиқол аз Теҳрон ба зодгоҳаши шаҳри Машҳад, дар шаҳри Тӯс ва дар шафати оромгоҳи Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ ба хок супурда хоҳад шуд.
Аз идора: Сомонаи “Оила” аз даргузашти ин абармарди соҳаи мусиқӣ ва санъат сахт андуҳгин буда, ба кулли ихлосмандону пайравонаш ҳамдардии амиқ баён мекунад.