Шоми 17-уми октябр дар “Кохи Суруш” маросими тантанавии супурдани ҷоизаҳо ба ғолибони синамоҷоизаи “Тоҷи Сомон” баргузор гашт. Аз фурсат истифода бурда, мо адешаҳои чанд нафар ҳунармандони машҳури тоҷикро дар боби нақши синамоҷоизаи миллии “Тоҷи Сомон” дар рушду нумуъи синамои тоҷик пурсон гаштем.
Султонмуроди БОБОМУРОД: “Тоҷи Сомон” ҳунармандонро дилгарм месозад
- Баргузории Синамоҷоизаи миллии “Тоҷи Сомон” дар ҳаёти фарҳангии кишвари мо як чорабинии хеле муҳим буда, дили ҳунармандонро ба синамо боз ҳам гармтар намуд. Ин ҳама қадршиносиро дида, мехоҳӣ, ки офарию офарию офарӣ.
- Назари шумо ба синамои тоҷик дар даврони Истиқлол чӣ гуна аст?
- Синамои тоҷик оҳиста-оҳиста рушд карда истодааст. Насли нави синамогарони тоҷик пайдо шуданд, ки бо диди нав филм меофаранд ва онҳо алакай ҷойи худро дар олами синамо ёфта истодаанд.
Умедворам, ки насли ҷавон ба баланд бартоштани мавқеи синамои тоҷик дар сатҳи ҷаҳонӣ мушарраф мегарданд. Ман ба ҷавонон роҳи сафед ва анҷом додани хизматҳои бузургро барои Ватан орзумандам.
Зарринаи ХУШВАХТ: Кино-фестивали “Тоҷи Сомон” таваҷҷуҳи сармоягузоронро ба синамо ҷалб месозад
- Ин фестивал барои синамои тоҷик хеле муҳим ва арзишманд аст, зеро таваҷҷуҳи сармоягузоронро ба соҳаи синамо ҷалб намуда метавонад. Мушкилоти асосии синамогарони тоҷик норасоии маблағ мебошад. Онҳое, ки сармоя ва имкони маблағгузорӣ кардан доранд, бо дастовардҳои синамогарони тоҷик аз наздик шинос мешаванд. Минбаъд шояд аз сармоягузорӣ ба синамо натарсанд. Дуюм, ҳунармандоне, ки мо солҳо боз надида будем, бо шарофати фестивал ба дидорашон мушарраф гаштем. Сеюм, байни меҳмонҳое, ки ба ин чорабинӣ ташриф овардаанд, ҳунарманадони хуб аз дигар давлатҳо ҳастанд ва коргардонҳои мо метавонанд минбаъд онҳоро ба филмҳояшон даъват кунанд. Ин ба афзудани шуҳрати кинои тоҷик дар оянда кумак мерасонад. Як ҷаҳон сипос ба Маҳмадсаид Шоҳиён, ки новобаста бо ҳама мушкилоти мавҷуда чунин чорабиниҳоро баргузор менамоянд. Офарин, сад офарин!!!
Моҳпайкар ЁРОВА: Ҳунармандони тоҷик аз ситораҳои “Голливуд” ва “Болливуд” монданӣ надоранд
- Синамоҷашнвораи миллии “Тоҷи Сомон” барои рушди синамои тоҷик имкониятҳои хубро фароҳам овард. Байни “Тоҷикфилм” ва дигар киностудияҳои хориҷӣ шояд меморандумҳо ба имзо расанд. Шахсан ман фикр мекунам, ки тайи чанд соли охир кинои тоҷик хуб рушд карда истодааст. Албатта наметавонам бигӯям, ки олӣ аст, вале сифати филмҳо сол то сол беҳтар шуда истодааст. Далели равшанаш соҳиби ҷоизаҳои байналмилалӣ гаштани филмҳои тоҷикӣ мебошад. Яке аз онҳо филми “ДОВ” аст, ки дар 30 ҷашнвораи байналмилалии синамо иштирок карда, соҳиби ҷоизаҳо гаштааст. Бо шарофати ин ҷашнвора ҳамчунин ҳунармандони тоҷик муаррифӣ мешаванд. Шахсан ман ба ин андеша розӣ нестам, ки планка, яъне сатҳи касбияти ҳунармандони тоҷик чандон баланд нест. Ҳунармандони мо аз ҳунармандони “Голивуд" ва “Болливуд” монданӣ надоранд, коргардонҳои хуб низ дорем, фақат маблағи бештар лозим аст, то ба чӣ қодир будани худро нишон диҳанд.