Кормандони ШВКД-2 дар ноҳияи Сино шаҳрвандон Наботова Амина ва Мизробова Маликаро ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти қасдан несту нобуд ё вайрон кардани молу мулк дастгир намудаанд.
Бино ба иттилои Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, зимни санҷиш муайян гардидааст, ки номбурдагон 4-уми июни соли ҷорӣ дар кӯчаи Бобоҷон Ғафурови ноҳияи Сино аз рӯйи хусумату бадбинӣ бо шаҳрванд Ризвонова Ш. муноқиша намуда, бо истифода аз ашёи оҳанин шишаҳои воситаи нақлиёти ӯро шикастаанд.
Дар натиҷаи содир намудани ин кирдор ба ҷабрдида зарари моддӣ расонида шудааст.
Вобаста ба ин ҳодиса санҷиш идома дорад.