Commerc banl
Ширкати Tcell барандаи мукофоти бонуфузи байналмилалии bema! гардид
24.02.2026
Oila.tj
89

Ширкати Tcell барандаи мукофоти бонуфузи байналмилалии bema! (Best Experience Marketing Awards) — яке аз рӯйдодҳои калидӣ дар соҳаи маркетинги рӯйдодӣ ва коммуникатсияҳои интегратсияшуда дар Русия ва ИДМ гардид.

Ду лоиҳаи ширкат аз ҷониби ҳакамони байналмилалӣ баҳои баланд гирифтанд:

1_29

  • Дар номинатсияи «Беҳтарин фестивали мавзуӣ» ғолиб фестивали «25 сол пайванди дилҳо» гардид, ки дар Хуҷанд дар доираи ҷашни 25-солагии ширкат баргузор шуд. Лоиҳа бо дастгирии Раиси вилояти Суғд амалӣ гардид, ки аҳамияти стратегӣ ва фарҳангии онро барои минтақа таъкид намуд.

3_53

Макон — Қалъаи Хуҷанд — ба чорабинӣ рамзи махсус бахшид. Дар деворҳои таърихии он намоиши фарохи лазерӣ (3D mapping) бо мавзӯи ватандӯстӣ — ҳикояи визуалӣ дар бораи ташаккули давлатдорӣ, истиқлолият ва сарвати фарҳангии Тоҷикистон — намоиш дода шуд.

4_14

Пайвасти меъмории қадим ва технологияҳои муосир рамзи возеҳи рисолати Tcell гардид: эҳтиром ба гузашта, ояндасозӣ. Ин на танҳо як намоиш, балки изҳороти эҳсосотӣ дар бораи қудрати кишвар, анъанаҳо ва орзуи пешрафти он буд.

5_16

- Дар номинатсияи «Беҳтарин лоиҳаи мусиқӣ» оғози платформаи Navo Entertainment, ки бо дастгирии генералии Tcell амалӣ шуд, қадрдонӣ гардид.

Рӯйдоди калидии лоиҳа консерти муштараки «Навои Истиқлол» буд, ки бо ҳамкорӣ ва дастгирии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарпарастии забони тоҷикӣ — ҳамчун рамзи эҳтиром ба забони давлатӣ — ташкил карда шуд.

6_9

Маълумот дар бораи мукофоти bema!:

bema! (Best Experience Marketing Awards) — яке аз мукофотҳои асосии байналмилалӣ дар соҳаи маркетинги рӯйдодӣ ва коммуникатсияҳои интегратсияшуда мебошад, ки бузургтарин брендҳои Русия ва ИДМ-ро муттаҳид мекунад.

11_1

Дар солҳои гуногун ширкатҳое чун Яндекс, Сбер, Т-Банк, Росатом, VK, МТС, Алфа-Банк ва дигар пешвоёни бозор барои сазовор шудан ба ин мукофот рақобат кардаанд.

8_6

Лоиҳаҳоро ҳакамони экспертӣ арзёбӣ мекунанд, ки ба ҳайати он роҳбарони маркетинг ва коммуникатсияи бузургтарин корпоратсияҳо, аз ҷумла намояндагони VK, Алфа-Банк, МТС ва Росатом дохил мешаванд.

Барои Tcell ҳамчун ширкати миллӣ бо арзишҳои ҷаҳонии корпоративӣ, на танҳо намоиши дастовардҳои касбӣ дар арсаи байналмилалӣ, балки саҳмгузорӣ дар таҳкими пешрафт ва истиқлолияти кишвар, дастгирӣ ва пешбурди фарҳанги ғанӣ ва рангини Тоҷикистон — ҳам мероси таърихӣ ва ҳам рушди муосири он — аҳамияти принсипиалӣ дорад.

10_5

Қувваи бренд на танҳо бо технологияҳо, балки бо масъулият дар назди кишвар, фарҳанг ва ояндаи он чен карда мешавад.

Tcell дилҳоро мепайвандад — таърих ва муосирро муттаҳид намуда, забон, анъанаҳоро дастгирӣ мекунад ва рӯйдодҳое офаринад, ки ба қисми таърихи нави Тоҷикистони соҳибистиқлол табдил меёбанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД