1xbet
Шиносоии Ҷамолиддин Абдуллозода бо фаъолияти "Шифобахш"
29.08.2025
Oila.tj
153

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ба Муассисаи давлатии "Маркази миллии тиббии Тоҷикистон "Шифобахш" ташриф оварда, бо фаъолияти он шинос гаштааст.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти вазорат, дар баробари шиносоӣ бо натиҷаи корҳои ободониву созандагӣ дар Маркази миллии тиббии Тоҷикистон "Шифобахш" инчунин Ҷамолиддин Абдуллозода аз шароити қабули беморон ва нигоҳубини онҳо, рафти хизматрасонии тиббӣ дар ин муассисаи тандурустӣ дидан намудааст.

- Маврид ба зикр аст, ки ҳадафи ташриф ва боздиди роҳбарияти вазорат аз муассисаҳои тандурустӣ - ин пеш аз ҳама назорати иҷрои амру супоришҳои Ҳукумати кишвар ҷиҳати бартараф намудани мушкилоту камбудиҳои ҷойдошта ва дар ин замина боз ҳам беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ мебошад,- меафзояд манбаъ.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД