Директори Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Сафарзода аз Муассисаи давлатии “Хона-интернати беморони рӯҳии шаҳри Ҳисор” дидан ба амал овард.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар, дар ин ҷо нахуст номбурда аз бахши навтаъсиси дӯзандагии муассиса боздид намудааст. Тавре иттилоъ дода шудааст, дар ин бахш, ки ба таври миллӣ ва замонавӣ муҷаҳҳаз шудааст, се адад мошинаи дӯзандагӣ насб гардида, мавриди истифода қарор дода шудаанд. Бояд гуфт, ки қаблан як адад мошинаи дӯзандагӣ дар бахши мазкур фаъолият мекард.
Дар доираи сафари корӣ Абдулло Сафарзода аз рафти корҳои сохтмонии бинои хобгоҳи бошандагон дидан намудааст. Гуфта мешавад, ки ин бино барои 60 нафар бошандагон дар назар дошта шуда, ҳоло корҳои рангубори берунӣ ва таъмири дохили ҳуҷраҳо бомаром идома дорад.
Инчунин директори Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Абдулло Сафарзода аз хобгоҳи занонаи муассисаи болозикр низ дидан карда, бо шароит ва сатҳи хизматрасонии он шинос гаштааст.
Дар идомаи боздиди хеш Абдулло Сафарзода ҳамзамон аз ҷараёни рехтани таҳкурсии бинои дигари хобгоҳи хона-интернати мазкур, ки барои 220 бошанда пешбинӣ гаштааст, дидан карда, бо сохтмончиён ва масъулин суҳбат анҷом дода, барои бо сифати баланд анҷом додани корҳо ба онҳо дастуру тавсияҳо додааст.