arzon replenishment
Шавҳари фарзандбезорам ба нохуни кӯдак зор шуд
22.01.2023
ОИЛА
1784


Ману шавҳарам бо як фарзанд аз ҳам ҷудо шудем. Ростӣ байнамон ҷангу ҷанҷол набуд, вале шавҳарам ба як духтари ба қавле замонавӣ дил баста, бе ягон айбу гуноҳ маро талоқ дод ва дар як рӯзи сарди зимистон аз дар берун кард.

Ҳарчанд барои бахтам месӯхтам, аммо худро тасалл дода мегуфтам, ки Худованд собиронро дӯст медорад, тоқат кун, туро зиндагии хубе дар пеш аст. Дар ҳақиқат шаш моҳ пас марди дигаре хостгорам шуд ва волидонам инсони ботақво, баномус ва баобрӯ аст, гӯян маро ба он мрад никоҳ карда доданд. Шавҳари навамро бисёриҳо мешиносанд, чунки як шахси машҳур ва фарҳангӣ мебошад. Аз шавҳари дуюмам минатдорам, ки маро аз фарзандам ҷудо накард ва сари писарчаи маро падарвор сила карда, меҳру муҳаббати худро ба ин тифлаки зиндаятим арзонӣ дошт.

Аз ин мард ман якбора ду писари дугоник таваллуд кардам ва ҳоло модари се фарзанди нозанин ҳастам. Рӯзе барои ташхис ба назди духтури оилавиамон рафта, шавҳари собиқамро бо ҳамсари наваш дидам. Баъди онҳоро ҷавоб додан духтурзан ба ман рӯ оварда чунин қисса кард:

“Ин бечораҳо ҳар қадар табобат гирифта истодаанд, аммо ҳеҷ самар надода истодааст. Аҷибаш дар он ки ин мард аз зани якумаш фарзанд дорад, аммо айни ҳол ташхис нишон дода истодааст, ки аз вай фарзанд намешавад."

Мегӯем, ки шояд занат аз ягон каси дигар ҳомиладор шуда бошад, вале мардак мегӯяд, ки ман ба зани якумам сад фоиз бовар дорам ва дилам пур аст, ки писарам аз худам буд, чунки занам бисёр зани худотарс буду ҳаргиз ба ман хиёнат намекард. Гапҳои духтурро гӯш карда истода рӯзе, ки аз шавҳарам ҷудо шуда, хонаи ӯро тарк карда будам, ба ёдам расид. Он рӯз дар дилам оҳи сард кашида, дуо карда будам, Худоё ин марди ношукрро ба нохуни пойи фарзанд зор бигардон. Бигзор аввалину охирину фарзандаш ҳамин писари маъсумӣ ман бошад ва як умр дар ҳасрати бача сӯхта мурад. Ҳамин гапро гуфта бо чашмони пуроб хонаи бахтамро тарк кардам, бехабар аз он ки оҳи дили мани сиёҳбахт шавҳарамро мегирад.

Имрӯз пушаймонам, ки ки чунин дуои бад кардам, зеро намехоҳам ҳатто душмани ҷонам дар зиндагӣ азобу дарду ранҷро бубинад, вале афсӯс, ки сухан мисли тири аз камон ҷаста аст, вақте аз даҳон берун шуд, онро дигар баргардонида намешавад. Саргузаштамро ба он хотир нақл кардам, ки ба дигарон дарси ибрат гардад ва оҳи дили маъсумеро бар дӯш нагиранд, зеро оҳи зану фарзанд мегирад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД