Sebiston new 2024 october
ШАВҲАРАМ ТАЛОҚИ ДОДААШРО БА ГАРДАН НАМЕГИРАД
07.03.2021
ОИЛА
5190

 

Ман Маҳина, 22-сола, чор сол бо шавҳарам зиндагӣ карда соҳиби ду фарзанд гаштам. Панҷ моҳ мешавад, ки аз ҳам ҷудоем. Бо сабаби дар байнамон якдигарфаҳмӣ набудан гапамон гурехту шавҳарам дар сари қаҳру ғазаб гуфт:

-Ҷавобта додум! 3-талоқ кардумта. Ин сухан маро бе корд кушт. Гирёну нолон ба хонаи падарам омадам. Акнун шавҳарам аз карда пушаймон шуда ҳар рӯз ба ман занг мезанад. Ба чандин касон савол додам, ки оё мо метавонем дубора никоҳ карда зиндагиамонро давом диҳем, ҳамаашон бо як овоз “мумкин нест” гуфтанд, вале шавҳарам инро фаҳмидан намехоҳад. Талоқи додаашро вай аз рӯйи беақлӣ ва дар сари қаҳру ғазаб маънидод намуда, мегӯяд, ки аслан дили ҷудошавӣ надошт, мехост танҳо маро тарсонад. Зориву тавалло карда истодааст, ки ба хона баргард.

Хонандагони азиз, илтимос ба ман маслиҳат диҳед, чӣ кор кунам?

Муштарии 13-30

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД