Arzon march 2024
ШАҲРИЁР ДАВЛАТОВ:АЗ КОРИ КАРДААМ САХТ ПУШАЙМОНАМ!
2809

 

Шаҳриёр Давлатов, овозхони 29-солаи тоҷик бо гузашти беш аз ним сол дар бораи “пранк”-и моҷароангезаш суҳбат кард. Ӯ дар барномаи “Ифтор” гуфт, нақшаи сабти “пранк” пешакӣ тарҳрезӣ шуда буд, аммо бидуни дашному суханҳои қабеҳ. “Сабти “пранк” идеяи худам буд.

Чун дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин гуна наворҳо зиёданд, мо ҳам дар ин роҳ худро санҷидан хостем. Бо рафиқонам пешакӣ маслиҳат карда будем, ки “пранк” бояд бидуни дашном сабт шавад, аммо онҳо маро гӯш накарданд. Бовар кунед, аз кори кардаам сахт пушаймонам”,-шарҳ дод Шаҳриёр Давлатов.

Овозхон дар идома афзуд, ки “пранк”-ро на барои ба даст овардани пул ё шӯҳрат, балки ба он хотир сабт карда буд, ки таваҷҷуҳи мардум ба ин гуна наворҳо зиёд аст. Ёдовар мешавем, ки моҳи августи соли гузашта овозхон ва ду ҳаммаслаки дигарашро ба хотири дағалона вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ ва сабту паҳн кардани навори дорои алфози қабеҳ, ки онро ба истилоҳ “пранк” мегӯянд, тибқи талаботи моддаи 460-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муҳлати 10 шабонарӯз аз озодӣ маҳрум карда буданд.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД