Шабнами Тоҷиддин, овозхони хушсадои эстрадаи тоҷик, ки тӯли панҷ соли охир нопайдо буд, дар арафаи ҷашни Наврӯз бо сурудҳои ҷадид ба саҳна баргашт. Ӯ қаблан дар як мусоҳибаи худ ба мухлисонаш ваъда дода буд, ки ба тӯю маъракаҳо не, вале дар барномаҳои консертӣ кам-кам баромад хоҳад кард.
Аз ваъдаи овозхон чанде нагузашта, мухлисон ӯро дубора дар саҳна диданд. Шабнами Тоҷиддин дар чандин барномаҳои консертии идона бахшида ба ҷашни Наврӯзи оламафрӯз бо сурудҳои нави худ «Ҷӯраҷон» ва «Раста ба раста» баромад карда, мухлисони дар интизорӣ обу адогаштаи худро шод гардонид. Аз шарҳҳои дар зери сурудҳои овозхон навиштаи мухлисон бармеояд, ки онҳо аз бозгашти Шабнам хушҳоланд. Овозхон дар барномаи «Ногуфтаҳо»-и Орзу Исоев сабаби панҷ сол таваққуф карданашро ба тавлиди фарзанди дувумаш Шафия рабт дода буд. «Бо шавҳарам якдигарфаҳмӣ кардем ва ба қароре омадем, ки дар хона нишаста, ба тарбияи духтарчаам машғул шавам. Духтарчаамро ба боғча мебарам, шомгоҳон ба толори варзишӣ меравам, духтарчаамро аз боғча меорам, хӯроки шом мепазам. Баъзан ба хонаи модарам меравам ва баъзан аз субҳ то шом меҳмон қабул мекунам. Инҳо корҳое буданд, ки ман муддати панҷ сол такрор ба такрор иҷро мекардам»,-гуфта буд, Шабнами Тоҷиддин.
Тоҷиддин Муҳиддинов аз фарроши мактаб то ситораи эстрада
Ҳамчунин, овозхон дар мавриди бозгашти дубора ба саҳна ваъда дода буд, ки ҳатман бо дастовезе бармегардад ва мухлисонашро ноумед намекунад. «Албатта, бармегардам. Ин навбат ман зиндагиро қурбони саҳна мекунам. Вақте ки зиндагӣ санъати маро қурбон кард, пас чаро ман накунам?». Шабнами Тоҷиддин духтари шодравон Тоҷиддини Муҳиддин мебошад. Аз издивоҷи нахустинаш бо номи Шаҳром як писар ва аз издивоҷи дувум соҳиби духтарча аст. Бозгашти Шабнами Тоҷиддин дар ҳолест, ки моҳи январи имсол Парвина Шукруллоева, Ҳунарпешаи хизматнишондодаи Тоҷикистон низ бо нашри суруди «Султони дилу ҷонам» аз бозгашти худ дарак дода буд. Моҳи январи соли 2019 дар гурӯҳи фейсбукии «Мы-Таджикистанцы!» овозхон бо нашри як нома хабар дода буд, ки тарки саҳна карда, ба тарбияи фарзандонаш машғул мешавад. «Миёни оила ва саҳна, ман оиларо интихоб кардам ва саҳнаро дар ҳақиқат тарк мекунам. Ман модари хушбахтам, зеро писарам Табриз ва духтарам Амелия бузург шуда истодаанд. Ман худро пурра ба онҳо мебахшам»,-навишта буд, Парвина Шукруллоева. Ӯ дар оғози солҳои 2000-ум ба саҳна баромада, дар муддати кӯтоҳ маҳбубияти халқро ба даст овард. Ба гуфтаи худи овозхон, нашри суруди нав маънои пурра ба саҳна баргаштани ӯро надорад, вале ба ҳайси меҳмон дар баъзе чорабиниҳо иштирок хоҳад кард.