arzon replenishment
СЕВИНЧРО БАРОИ ҚОИДАВАЙРОНКУНӢ ҶАРИМА КАРДАНД
2192

 

Севинч Мӯъминова, овозхон ва ҳунарпешаи 38-солаи ӯзбекро барои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ҷарима кардаанд. Дар ин бора хабаргузории “UPL24” иттилоъ медиҳад. Ба гуфтаи манбаъ, овозхонро барои баланд кардани суръати ҳаракат дар роҳҳои дохили шаҳр, ки бо суръати баланд ҳаракат кардан манъ аст, 223 000 сӯм (21 доллар ё худ 240 сомонӣ) ҷарима кардаанд.

Ҳамчунин, Мӯъминова барои надоштани иҷозатномаи сиёҳкунии шишаҳои мошинаш 5 575 000 сӯм (230 доллар ё худ 2620 сомонӣ)-и дигар ҷарима шудааст. Қоидавайронкунии овозхон ҳафтаи гузашта сурат гирифта, ҳамин тавр, аз ҳисоби ӯ ба буҷаи давлат дар умум 2 798 000 (251 доллар ё худ 2860 сомонӣ) ситонида шудааст. Қаблан низ Каниза, як овозхони 35-солаи ӯзбек барои ба анҷом расидани муҳлати иҷозатномаи сиёҳкунии шишаҳои мошинаш бо нозири БДА ҷанҷол карда буд.

Севинч Мӯъминова яке аз маъруфтарин овозхонҳои ӯзбек аст, ки дар Тоҷикистон низ маҳбубияти зиёд дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД