Бародари Сарвиноз Юсуфӣ, овозхони 39-солаи тоҷик, санаи 24-уми июл, дар синни 38-солагӣ даргузаштааст. Иллати марги марҳум, ки Саидҷаъфар ном доштааст, маълум нест.
“Марги ту ҷисму ҷонамро сӯхт. Ҳоло сӯзиши модар аз дилам нарафтааст, ту бошӣ, бо рафтанат ба захмҳои тозаам намак пошидӣ. Шунида будам, ки падару модар мири меросанд, аммо фарзанди падар тири алмос будааст”,-навиштааст Сарвиноз дар Инстаграм ва бародарашро ҳамчун ҷавонмарди ширинсухану меҳрубон васф кардааст. Марги бародари овозхон дар ҳолест, ки ӯ чанде қабл модарашро низ аз даст дода буд. Модари Сарвиноз аз соли 2019 ба инҷониб аз бемории саратони рӯдаву ҷигар азият мекашид ва билохира, 15-уми феврали имсол даргузашт. Ҳамчунин, моҳи гузашта Сарвиноз дар идомаи як сафараш ба Русия, ба шаҳри Нижний Новгород рафта, аз ҳолу аҳволи падараш хабар гирифта буд.
“Дар аввал дидан намехостам, вале баъди марги модарам фикрҳоям тағйир ёфтанд. Қарор додам, ки дар зинда буданаш ба қадраш бирасам, то баъди маргаш дер нашавад. Ман вазифаи фарзандиамро иҷро кардам ва саволу ҷавоби ӯ дар он дунё бар гардани худаш аст”,-гуфта буд Сарвиноз. Падари овозхон замони 3-сола будани ӯ аз модараш ҷудо шуда, 30 сол боз дар шаҳри Нижний Новгороди Русия зиндагӣ дорад.
Сарвиноз нақл мекунад, ки падараш аввал зани рус ва баъдан зани тоҷик гирифта, аз ҳарду ҳамсараш соҳиби фарзанд аст. Модари Сарвиноз низ дубора оиладор шудааст ва овозхон падарандарашро мисли падари худ дӯст медорад. Ҳатто ӯ соли 2019 модарашро ҳамроҳи падарандараш ба зиёрати хонаи Худо фиристода буд.