Саннаи 7-уми май, соати 17:00, дар "Кохи Суруш” ба хотири наҷоти Сулаймон Муҳиддинзода, ки ба бемории нодири генетикӣ гирифтор аст, консерти хайриявӣ баргузор мегардад.
Дар консерти мазкур ҳунармандони ҷавону боистеъдоди тоҷик Ҷаҳонгир Зарипов, Сафармуҳаммади Рустам, Мубориз Усмонов, Чоршанбе Аловатов ва дигарон иштирок хоҳанд кард. Ровии чорабинӣ Макс Қосимов буда, нархи чипта 100 сомонӣ аст.
Ҷаҳонгир Зарипов ду рӯз қабл дар саҳифаи Инстаграмми худ гуфта буд, ки тамоми маблағи дар ин барномаи консертӣ ҷамъшуда барои табобати Сулаймон дода мешавад.
Зуҳурҷон Зафарзода, роҳбари “Суруш- медиа” ва "Кохи Суруш" зимни сӯҳбат бо сомонаи "Оила" роҳандозии ин чорабиниро тасдиқ намуда, изҳор дошт, ки дар ҳақиқат маблағи ҷамъшуда барои табобати Сулаймони хурдакак дода мешавад.
Инчунин, хонед:
Ёдовар мешавем, ки ин писарбачаи яксолаву нуҳмоҳае ба бемории нодири СМА 1 (СПИНАЛЬ МЫШЕЧНАЯ АРОФИЯ) гирифтор аст. Ҷони ин кӯдакро танҳо як сӯзандорӯ наҷот дода метавонад, ки нархаш 2 млн доллари амрикоӣ мебошад.