Саратони гарданаки бачадон: сабабҳои пайдоиш ва роҳҳои пешгирӣ
60

Саратони гарданаки бачадон яке аз бемориҳои паҳнгаштаи занона ба шумор рафта, имрӯзҳо дар тамоми ҷаҳон табибон ба муқобили ин бемории хавфнок мубориза бурда истодаанд. Дар кишвари мо низ шумораи гирифторони ин касалӣ кам нест.

Беморие, ки дар як сол ҷони беш аз 300 ҳазор занро рабуд

Тавре ки яке аз саратоншиносони маъруфи тоҷик, доктори илмҳои тиб, профессори кафедраи онкологияи ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино Умарзода Саида Ғайрат мегӯянд:

- Мувофиқи тадқиқоти Агентии байналмилалии омӯзиши саратон, дар 10 соли охир омори гирифторшавии занон ба саратони гарданаки бачадон дар синни 15-44-солагӣ дар дунё ҳудуди 70% афзудааст, ки ин хеле ташвишовар мебошад. Айни замон саратони гарданаки бачадон аз рӯйи паҳншавӣ дар дунё ҷойи 4-ро ишғол мекунад, дар Тоҷикистон бошад, пас аз саратони ғадудҳои ширӣ, саратони гарданаки бачадон дар зинаи дуюм қарор дорад. Соли 2023 дар ҷаҳон 640 ҳазор ҳолатҳои нави гирифторшавӣ ба саратони гарданаки бачадон ва 311 ҳазор фавт аз ин беморӣ ба қайд гирифта шудааст. Айни замон дар Тоҷикистон 2259 нафар занони гирифтори саратони гарданаки бачадон дар қайди марказҳои саратоншиносӣ қарор доранд. Соли 2024 дар ҷумҳурӣ 423 нафар занони мубталои саратони гарданаки бачадон бори аввал ба қайд гирифта шуда, 126 нафар занон аз ин беморӣ ҷони худро аз даст додаанд, ки хеле риққатовар аст.

Саратони гарданаки бачадон аз чӣ пайдо мешавад?

Саратони гарданаки бачадон асосан бо сабаби ба организм ворид шудани вируси папилломаи одам пайдо мешавад. Бояд гуфт, ки вируси папилломаи одам (ВПО) зиёда аз 200 намуд дошта, яке аз вирусҳои дар тамоми дунё паҳнгаштаи хатарнок ба ҳисоб меравад. Махсусан навъҳои 16 ва 18-и вируси мазкур хатари зиёд доранд, зеро ба пайдоиши саратони гарданаки бачадон дар занон, саратони узвҳои таносул дар мардон, ҳамчунин саратони узвҳои ковокии даҳон ва мавқеи аногениталӣ оварда мерасонанд. Намудҳои дигари ВПО – 6 ва 11 омилҳои асосӣ барои пайдоиши омосҳои хушсифат, ба монанди папилломаҳои пӯст, кондиломаҳо ва озахҳо гашта метавонанд.

Нишонаҳои беморӣ

Тамоми бонувонро лозим аст, ки сарфи назар аз вазъи саломатиашон, ҳатто дар ҳолати худро комилан солим ҳис намудан низ, соле ақаллан ду маротиба ба табибони амрози занона муроҷиат карда, аз ташхис гузаранд, зеро вируси папилломаи одам метавонад аз 5 то 10-15 сол дар вуҷуди инсон бидуни ягон аломат зиндагӣ карда, бо мурури замон бемориҳои саратонӣ, махсусан саратони гарданаки бачадонро дар занон ба вуҷуд орад.

Нишонаҳои асосии бемории саратони гарданаки бачадон дар занон ин рафтани хун аз узвҳои ҷинсӣ берун аз давраи ҳайз (махсусан пас аз алоқаи ҷинсӣ), пайдо шудани эҳсоси дард дар миён ва поёни шикам, рафтани ташарруҳоти бадбӯй (водянистые выделения) аз маҳбал ва дар марҳилаҳои баъдӣ варам кардани пойҳо, мушкилоти пешоб, рӯз то рӯз кам шудани вазни инсон, заифии бадан ва табларза мебошад.

Бо пайдо шудани нишонаҳои зикршуда ба таври фаврӣ ба табибони амрози занона ё табибони саратоншинос муроҷиат кардан лозим аст. Тавре табибони саратоншинос мегӯянд, дар сурати сари вақт, яъне дар марҳилаҳои 1 ва 2-и беморӣ муроҷиат намудани занони ба саратони гарданаки бачадон гирифторшуда ба табибон, бо усулҳои нав ва муассири тиббӣ пеши роҳи паҳншавии саратонро ба дигар узвҳо гирифтан имконпазир буда, 5 сола умрбинии мариз 93% кафолат дода мешавад.

Роҳи ягонаи халосӣ аз саратони гарданаки бачадон иммунизатсия аст!

Нилуфар Муҳсинзода, мудири шуъбаи "Омосҳои узвҳои репродуктивии занонаи Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ" зимни суҳбат бо мо гуфт:

- Саратони гарданаки бачадон имрӯз натанҳо як проблемаи актуалӣ дар ҷаҳон мебошад, балки барои соҳаи тандурустии Тоҷикистон ҳам яке аз масъалаҳои ҷиддист. Ҳолатҳои бори аввал ба қайд гирифтани занон бо саратони гарданаки бачадон сол то ҳол зиёд шуда истодаанд. Агар соли 2014 теъдоди занони мубталои ин навъи саратон ҳамагӣ 288 нафарро ташкил медод, пас дар соли 2024 шумори занони гирифтори саратони гарданаки бачадон дар ҷумҳурӣ ба 423 нафар расидааст, ки ин бисёр ташвишовар мебошад. Аз ҳамин хотир, натанҳо табибон, балки давлату ҳукумати кишварамон низ барои дар оянда пешгирӣ кардани ин беморӣ дар байни бонувон тадбирҳои муҳим андешида истодаанд.

Муҳофизати якумра дар 1 дона ваксина

Яке аз чунин тадбирҳои самарабахш бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 июли соли 2025 таҳти №408 дар саросари кишвар баргузор намудани маъракаи оммавии иммунизатсияи духтарони синни 10-14 сола бар зидди вируси папилломаи одам мебошад, ки аз 1ум то 31 октябрис оли равон идома меёбад. Ба духтарон воксинаи «Гардасил» гузаронида мешавад, ки истеҳсоли Амрико буда, қариб 20 сол боз дар чандин кишварҳои олам санҷида шудааст. «Гардасил” ваксинаи чорвалента буда, барои пешгирии 4 намуди вируси папилломаи одам (6, 11, 16 ва 18) пешбинӣ шудааст, зеро маҳз ин намудҳои вируси мазкур боиси пайдоиши бемориҳои саратони пӯст, пардаҳои луобии бадан, гарданаки бачадон ва дигар узвҳои ҷинсӣ мегарданд. Ваксинаи «Гардасил» барои духтарони аз 9 то 14-сола тавсия мешавад, зеро дар ин синну сол иммунизатсия таъсир ва самарабахшии баланд дошта, масунияти қавии баданро таъмин менамояд. Самарабахшии ваксинаи «Гардасил» пас аз гирифтани як воя 97% ва аз он болоро бар зидди намудҳои 6, 11, 16 ва 18-и вируси папилломаи одам ташкил медиҳад.

Саломатии фарзандонатон дар дасти шумост!

Нилуфар Муҳсинзода ба тамоми падару модарон тавсия медиҳад, ки нисбати саломатии фарзандонашон бепарвоӣ зоҳир накарда, ҳатман духтарони худро аз иммунизатсия гузаронанд, зеро ҳамагӣ як вояи воксинаи “Гардасил”, ки ба духтарон ба таври ройгон гузаронида мешавад, онҳоро дар оянда аз хатари гирифтор шудан ба саратони гарданаки бачадон эмин медорад.  

Барои пешгирии саратон чӣ хӯрдан лозим аст?

Барои пешгирии бемории саратон, аз ҷумла саратони гарданаки бачадон занону духтарон бояд ба ғизои худ диққати ҷиддӣ диҳанд. Баъзе намудҳои меваю сабзавот хусусиятҳои зиддисаратонӣ дошта, барои саломатӣ хеле фоидаовар мебошанд. Табибони саратоншинос ба бонувон бештар анор, ангури сурх, помидор, сабзӣ, карам, райҳон, занҷабили булғорӣ, сир, укроп ва муми замбӯр-прополис хӯрданро тавсия медиҳанд, зеро дар таркибашон моддаҳои муфиде доранд, ки пайдоиши ҳуҷайраҳои саратонӣ ва хатари ба касалии саратон гирифтор шуданро пешгирӣ менамоянд. Мехчагул ва алоэ низ хусусиятҳои зидди саратонӣ доранд.  

Ф. САТТОРӢ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД