Formula novemver 2024
САЛМОН ХОН АЗ ЗАНГИРӢ МЕТАРСАД?
3852

 

Абдулрашид Салим Салмон Хон, ровии телевизион ва ҳунарманди шинохтаи Болливуд, 27-уми декабри соли 1965 дар шаҳри Индаури иёлоти Мадҳя-Прадеши Ҳиндустон, дар оилаи нависанда ва сенариянависи мусалмони пашту (афғон) Салим Хон ва рассоми ҳинд Салма Хон таваллуд шудааст.

Баъзе манбаъҳо соли таваллуди ҳунармандро 1964 нишон додаанд, ки дуруст нест, зеро падару модари ӯ тирамоҳи соли 1964 издивоҷ кардаанд. Волидони Салмон боз се фарзанди дигар доранд: Алвира, Арбаз ва Суҳайл. Баъдтар, падари Салмон бо раққоса ва ҳунарпешаи ҳинд Ҳелен издивоҷ намуда, ӯро ҳамчун зани дуюм ба хонааш меорад ва зиндагиашро бо ду зан идома медиҳад. Ҳелен аз падари Салмон соҳиби фарзанд нашуда, духтареро бо номи Арпита ба фарзандӣ қабул мекунад. Ҳоло Арпита оиладор буда, як фарзанд дорад.

Як оилаву се дин

Салма Хон (то издивоҷ Сушила Чарак ном дошт), модари Салмон баъди оиладор шуданаш, дини исломро пазируфта, рӯзе панҷ вақт намозу “Қуръон” хонад ҳам, аз риояи суннатҳои ҳиндуизм даст кашида натавонист. Дини Ҳелен, зани дуюми Салим Хон католикӣ буд ва аҳли оила ҳар ҳафта рӯзи чоршанбе ба калисои католикӣ мерафтанд. Оилаи Салим Хон суннатҳои се дин: ислом, ҳиндуизм ва католикиро нигоҳ медоранд. Баъдтар, оилаи Салмон ба Мумбай кӯчиданд, ки ҳунарманд то ҳол дар он ҷо кору зиндагӣ мекунад.

Роҳ ба сӯйи синамо

Салмон фаъолияти ҳунарии худро аз 23-солагӣ оғоз карда, соли 1988 аввалин нақши худро дар филми “Ҳамсар” бозидааст. Нақши асосиро дар филм ҳунарпешаи шинохтаи ҳинд Рекҳа бозида бошад ҳам, филм маҳбубияти зиёд ба даст оварда натавонист. Муваффақият ба Салмон Хон як сол баъд, соли 1989 насиб гардид. Ӯ дар филми “Ман дӯст медоштам” нақши асосиро бозида, машҳур шуд. Ҳатто ба Салмон ҷоизаи “Беҳтарин нақши мардона”-ро дода, филмро яке аз муваффақтарин филм дар таърихи синамои Болливуд эълон карда буданд. Ҳамин тавр, роҳи Салмон ба олами синамо боз шуд. Акнун ӯ соле дар се-чор филм ҳатман нақш меофарид. Ҳоло шумораи филмҳое, ки ӯ нақш офаридааст, сарҳади 90-ро убур кардаанд.

Ҳаёти шахсӣ

Салмон Хон 55-сола шуда бошад ҳам, то кунун боре оиладор нашудааст. Ин қисмати зиндагии ҳунарманд ҳамеша дар мадди назари васоити ахбори омма ва мухлисонаш қарор дорад. Ӯ соли 1999 бо ҳамкасби худ Айшвария Рай дар майдони сабт шинос шуда, баъдтар эълон кард, ки байнашон муносибатҳои ошиқона ҳукмфармост. Соли 2001 расонаҳо аз ҷудоии онҳо хабар доданд ва Салмонро ба он гунаҳкор карданд, ки гӯиё ба Айшвария хиёнат карда бошад. Ду сол гузашту Салмон бо Катрина Кайф мулоқот карданро оғоз кард ва ин тӯлонитарин муносибати ошиқона дар ҳаёти ҳунарманд буд. Ҷуфти ҳунарманд соли 2010, баъди 7 соли бо ҳам будан ҷудо шуданд, аммо ҳамчун дӯст то ҳол рафтуомад мекунанд.

Ҳунарманди занбезор

Соли 2011 ҳунарманд эълон кард, ки аз бемории невралгияи сегона азият мекашад. Ин беморӣ бо номи “бемории худкушӣ” низ маъруф аст. Ҳамин тавр, расонаҳо менавиштанд, ки Салмон бо ину он ҳунарпеша муносибати ошиқона дораду ба наздикӣ оиладор мешавад, аммо худи ҳунарманд, мисле ки дилаш аз ҷинси зан ба куллӣ сард шудааст, на овозаҳоро тасдиқ менамояд, на бо нафаре издивоҷ мекунад. Баъзеҳо сабаби то кунун оиладор нашудани Салмонро дар бемориаш мебинанд. Бархеи дигар ҳадс мезананд, ки ӯ ба ҷинси зан он қадар ҳавас надораду аз онҳо безор аст.

Марди хайрхоҳ

Салмон Хонро дар Ҳиндустон ва берун аз он, бо амалҳои хайрхоҳонааш мешиносанд. Ӯ ҳамасола маблағи зиёдеро аз ҳисоби худ барои табобати кӯдакони гирифтори саратон ва нигоҳубини кӯдаконе, ки бемории рӯҳӣ доранд, ҷудо мекунад. Соли 2006 бо ҳамин мақсад фонди хайриявии “Салмон Хон”-ро таъсис дод. Ӯ расмкаширо дӯст медорад ва расмҳои кашидаашро фурӯхта, маблағашро ба фонди хайрияаш мегузаронад, то ба табобати кӯдакони бемор маблағи кофӣ ҷамъ карда тавонад.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД