sebiston july new
САБАБҲОИ ПАЙДОИШИ ОЖАНГҲОИ БАРМАҲАЛ ВА ДОҒҲОИ РӯЙ
21.08.2021
Оила
1655

Ҳусну ҷамоли дилраборо иддае аз бонувон аз бибию бибикалонҳояшон мерос мегиранд, иддаи дигари хонумҳо бошанд, кӯшиш мекунанд, ки ноқисиҳои пӯсти рӯйи худро бо косметикаи гаронбаҳо пӯшонанд.

Барои ҷавону зебо намудан занҳо погаҳи дари кошонаҳои ҳуснро хӯрда мекунанд, вале ба гӯшаи хаёлашон ҳам намеояд, ки мушкилоти рӯй баёнгари мушкилоти узвҳои дохилӣ ва бемориҳои инсон аст. Ҳамеша зебою дилкаш намудан хоҳед, ба ҷойи ҳар ҳафта ба назди косметолог ва машшота рафтан ақаллан дар шаш моҳ як бор ба назди духтури занона равед. Шумо ҳайрон шуда мепурсед: Чаро?

Пӯсти рӯй чӣ мегӯяд?

Табиби занона, агар мушоҳидакор бошад, бояд дар баробари гӯш кардани шикояти зан ба ҳолати пӯсти рӯяш бодиққат нигарад, чунки аксари иллат ва касалиҳои бонувонро метавон аз чеҳраашон хонд. Вуҷуд доштани нарак дар пӯсти занҳои калонсол нишонаи он аст, ки дар ҷисми ӯ ҳормони ҷинсии мардона зиёд аст. Дар чунин ҳолат табиб ташхиси ҳормонҳоро тавсия дода, дар сурати дар ҷисми зан вайрон будани мубодилаи ҳормонӣ дорувориҳои махсусро тавсия медиҳад.

Доғҳои пигментӣ аз чӣ пайдо мешаванд?

Доғҳои пигментӣ на танҳо дар пӯсти бонувони ҳомила, балки дар чеҳраи занҳои аз малҳами аз офтоб ҳифзкунанда истифода намебурда низ фаровон дида мешавад. Пайдоиши ин доғҳо метавонад нишонаи касалиҳои дарунӣ низ бошад, масалан иллат доштани ҷигар ва пастшавии сатҳи эстроген боиси пайдо шудани доғҳои пигментӣ дар рӯйи зан мегардад. Аз ҳамин сабаб табибони таҷрибадор ба хонумҳое, ки рӯяшон пур аз доғҳои пигментӣ аст, ташхиси биокимиёвии хун ва ултрасадо мефармоянд. Натиҷаи ташхис хуб барояд, хунро ташхис намуда, сатҳи ҳормонҳои ҷинсиро муайян намудан лозим меояд.

Дар ҷавонӣ пир шудед?

Дар пӯсти рӯй хеле барвақт пайдо шудани ожангҳо нишонаи пастшавии сатҳи ҳормони ҷинсии занона аст. Барои баргардонидани ҷавониву зебоӣ табобати ҳормонӣ тавсия дода мешавад.

Зан ғул мешавад, агар…

Аз ҳад зиёд сермӯй будани бадан нишонаи бемориҳои гинекологӣ аз ҷумла синдроми поликистози тухмдонҳо буда метавонад. Ин беморӣ бар замми серпашмӣ мушкилоти безурриётиро низ ба миён меорад. Барои он ки ҳам зебоӣ ва ҳам қобилияти модар шуданро аз даст надиҳед, ҳатман аз ташхиси ултрасадо гузашта, барои фаҳмидани сатҳи ҳормонҳои ҷинсӣ хун супоред.

Калшавӣ нишонаи чист?

Калшавӣ ва аз ҳад зиёд рехтани мӯй нишонаи вайроншавии мубодила ва сатҳи ҳормонҳо мебошад. Мӯйи саратон мисли хазон мерехта бошад, ҳатман ба назди духтури занона равед. Табиб бо дорувориҳои ҳормонӣ шуморо табобат мекунад.

Фарбеҳӣ нишонаи беморист?

Мехоҳед химчамиён шавед ва бо ин мақсад ҳафтаҳо парҳез мекунед? Қабл аз он ки фикри харобшавиро кунед, шумо бояд аввал сабабҳои фарбеҳ шуданатонро муайян созед. Ин корро танҳо бо кӯмаки гинеколог-эндокринолог кардан мумкин аст. Табиб мувозинаи ҳормонҳоро ба эътидол оварда, роҳи аз равғани шикам, ки ба саломатии дил хатари ҷиддӣ дорад, раҳоӣ ёфтанро нишон медиҳад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД