Arzon march 2024
Рӯйи одамро лесидани сагу гурба чӣ зарар дорад?
786

Шумо бинии худро ба бинии саг ё гурбаатон часпонида, бо ҷонвар гуфтугӯ мекунеду вай бошад, рӯйи шуморо бо забонаш мелесад. Вақте аз кӯча ба хона бармегардед, ҳамчун дуруд сагатонро бӯса мекунед. Дар назари аввал чунин амали ҳайвони дӯстдоштаатон комилан безарар менамояд, вале дар асл зарар дорад.

Табиб ва дотсенти илми тиб Нейланчан Ненди аз Коллеҷи тиббии Донишгоҳи Дрексели Филаделфия доир ба ин масъала кайд мекунад, ки даҳони аксар ҳайвонот “хона”-и бактерияҳо ва вирусҳои гуногун аст.

Доктор Нендӣ иброз медорад: “Дар таркиби оби даҳони саг сафедаҳое мавҷуданд, ки танҳо захми худашро тоза ва табобат мекунанд, вале барои саломатии инсон хатар доранд, зеро масунияти инсон тавони бардошт ва муқовимат бо онҳоро надорад”.

Чунин бактерияҳо боиси бемориҳои зоонотикӣ мегарданд. Бемориҳои зоонотикӣ (ё зоонозӣ), бемориҳои хос ба ҳайвонҳо мебошанд, вале организми инсон ҳам гирифтори чунин бемориҳо шуда метавонад. Коршиносон қайд мекунанд, ки ин масъала танҳо ба сагон дахл надорад. Ҳайвонҳои дигари хонагӣ ва ғайра низ метавонанд сабабгори бемор шудани инсон шаванд.

Леник Каплан, байтор ва мутахассиси соҳа аз Донишгоҳи Корнели дар ин хусус қайд мекунад, ки бактерияҳои мазкур барои бемор кардани организми инсонӣ ҳам моил буда, метавонанд зарарҳои ҷиддӣ расонанд.

Аз ин рӯ, табибон ва байторон ба таври қатъӣ иброз медоранд, ки инсон метавонад соҳиби саге бошад ва онро дӯстдорӣ кунад, вале ба ҳеҷ ваҷҳ ба тамоси даҳонӣ, ки дар натиҷаи он бактерияҳои гуногуни оби даҳони саг ба даруни организми инсонӣ роҳ меёбанд, роҳ дода нашавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД