Салом! Ман зани 56-сола ва модари 4 фарзанд ҳастам ва мехоҳам аз табиби мардумӣ Садриддиншоҳ Ҷалолӣ маслиҳат бипурсам. Духтари калониам ба синни 24 қадам гузошта, то ҳол ба шавҳар набаромадааст. Духтари боодоб ва панҷ панҷааш ҳунар аст, аммо як камбудӣ дорад, ки аз ҳад зиёд лоғарандом, яъне бисёр хароб аст. Шахсоне, ки бо нияти хостгорӣ ба хонаамон меоянд, духтарамро касалӣ гумон карда, баромада мераванд. Илтимос, ягон давоеро тавсия диҳед, ки духтарам каме гӯшту пӯст гирифта, бахташро ёбад.
ЗАМИРА
Посухи табиб:
- Аслан, лоғарандом будан ҳеҷ бадӣ надорад, агар саломатии духтаратон хуб бошад. Имрӯз аксари бонувон баръакс мехоҳанд вазни худро партофта, химчамиён шаванд. Аммо ба ҳар ҳол, агар мехоҳед каме вазн гирад, аз ин давоҳои халқӣ истифода бурда метавонед.
Шарбати саршор аз витаминҳо
Муддати 10 рӯз ҳар саҳар 200 грамм оби сабзиро бо ҳамин миқдор оби лаблабуи сурх ва бодиринг якҷоя карда, ба духтаратон диҳед. Ин шарбат натанҳо одамро фарбеҳ мекунад, балки ҷисмро бо витамину минералҳои лозимӣ таъмин карда, қуввату мадор мебахшад ва намегузорад, ки бемориҳои сироятӣ авҷ бигиранд.
Даво аз ришқа
Гиёҳи ришқа низ ба касоне, ки фарбеҳ шудан мехоҳанд, кумак расонида метавонад. Ришқаро нағзакак шуста майда кунед ва 1 қошуқашро ба болои хӯриш (салат) пошида хӯред. Метавонед ҳамчунин ришқаро дар чойник мисли чой дам карда нӯшед.
Давои хуб аз тиби русӣ
Дар Русия гиёҳе ҳаст, ки онро дрок меноманд. Мардуми рус дар чунин ҳолатҳо аз ҳамин гиёҳ истифода мебаранд. Тақрибан 100 грамм гиёҳи дрокро майда карда ба зарфе меандозанд ва аз болояш 1 литр винои сафед рехта, даҳони зарфро маҳкам мекунанд. Онро 10 рӯз пас полонда, ҳар рӯз 1-қошуқӣ 3 маротиба нӯши ҷон бояд намуд.