Sebiston new 2024 october
РОҲИ ОСОНТАРИНИ ТАБОБАТИ КАМХУНӢ
1878

 

Ман Комил, аз ноҳияи Қумсангир. Чанд вақт боз худамро бемору бемадор эҳсос мекунам. Сарам чунон карахт мешавад, ки онро дигар ҳис намекунам. Хун супурдам, гуфтанд, ки оҳан дар таркиби хунам кам шуда ба касалии камхунӣ гирифтор шудаам.

Мо дар ноҳияи дурдаст зиндагӣ мекунем, аз ин хотир мехоҳам табиби мардумӣ Садриддиншоҳ Насриддиншоев ягон роҳи осони табобатро ба ман бигӯянд.

Комил, н. Қумсангир.

Посухи табиб Мирзоева Н
Нахуст шумо бояд ба назди духтури асабшинос равед, то сабаби ҳис накардани сар ва дигар нороҳатиҳоятонро муайян намояд, чунки ҳамчун табиб ман наметавонам диагнози шуморо нафаҳмида ин ё он даворо ба шумо тавсия диҳам. Табобати камхунӣ ва норасоии оҳан бошад, кори мушкил нест. Як давои оддӣ ва ба ҳама дастрасу арзон метавонад мушкили шуморо ба зудӣ осон намояд.

Нусха
0,5 кг себ, 0, 5 кг лаблабӯи сурх, 0,5 кг сабзӣ. Шира (сок)-и ҳар серо бо воситаи мошинаи оби мевакашак гирифта якҷоя кунед ва ба он ним пиёла асалро ҳамроҳ намуда, дар ягон ҷойи хунук нигоҳ доред. Ин шарбатро рӯзе 3 маротиба 2 қошуқӣ 20 дақиқа пеш аз хӯрок нӯшидан лозим аст. Ду маротиба ҳамин шарбатро тайёр карда нӯшед, камхунӣ бартараф гашта, организматон аз витамину микроэлементҳо бой мешавад ва худро бардаму бақувват эҳсос мекунед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД