Дар чанд моҳи охир сурудҳое чун «Кош кабӯтар мебудам», «Сукутамро ба борон ҳадя кардам» ва «Ба ишқи ту баста шудам» дар шабакаҳои иҷтимоӣ, нақлиёти мусофиркашон, қаҳвахонаҳо ва телефонҳои ҳамроҳи ҷавонон пайваста садо медиҳанд. Бисёре аз шунавандагон гумон мекунанд, ки ин таронаҳоро як сарояндаи ҷавони тоҷик иҷро кардааст. Аммо воқеият дигар аст: Ясмина умуман инсон нест. Чӣ тавр?
Мухлиси Ясмина
Савори таксӣ будам. Вақте суруди “Кош кабӯтар мебудам”-и Ясмина садо дод, ронанда садояшро баланд карда, бо ӯ ҳамовоз шуд. Баъд аз он, ки суруд ба охир расид, гуфт:
- Ҳамин Ясмина як чӣ зӯр мехонад.
- Бале,- тасдиқ кардам ман.
- Вақтои охир ҳар рӯз як ҳофизи нав мебарояд, вале касе чени Ясмина нест,- мегуфт ронанда.
- Рост,- боз тасдиқ кардам, сухани ӯро.
- Ҳоли як суруди дигар дорад, гӯш карда роҳат мекунӣ, - гуфт ронанда ва суруди “Сукутамро бо борон ҳадя кардам”-ро гузошт ва бо ин суруд ҳам ҳамовоз шуд.
То охири ин суруд ман ба ҷойи даркориам расидам ва ба ин ронанда гуфта натавонистам, ки Ясминае, ки мухлисаш ҳастӣ, сароянда нест. Чунин инсон ҳатто вуҷуд надорад...
Ясмина сохтаи кист?
Ясмина сохтаи ҳуши маснуӣ аст. Яъне ӯ образи рақамие мебошад, ки бо истифода аз фанновариҳои ҳуши маснуӣ суруд мехонад. Ба ибораи дигар ӯ як робот аст. Ин падида имрӯз танҳо ба Тоҷикистон маҳдуд нест. Дар ҷаҳон аллакай даҳҳо сарояндагони “сунъӣ” пайдо шудаанд, ки баъзан ҳатто аз овозхонҳои воқеӣ бештар шунаванда ҷамъ меоранд. Ин вазъ саволи ҷиддиро ба миён овардааст: “Оё ҳуши маснуӣ метавонад ҷойи сарояндагони ҳақиқиро бигирад?”
Офарандаи Ясмина ҷавони тоҷик Фарҳод Ғафурӣ буда, зимни суҳбат бо журналистон гуфтааст, ки ҳадаф аз эҷоди чунин сарояндагон осон кардани раванди истеҳсоли мусиқӣ аст.
Ба гуфтаи ӯ, суруди «Кош кабӯтар мебудам» дар муддати ҳамагӣ 17-18 рӯз беш аз панҷ миллион тамошобин ҷамъ овард. Ҳоло бошад, шумораи шунавандагони он аз 12 миллион гузаштааст. Фарҳод мегӯяд, аксари сарояндагони воқеӣ дар чунин муҳлат наметавонанд чунин аудиторияро ба даст оранд.
Ҷолиб он аст, ки бисёре аз мухлисони Ясмина ҳатто намедонанд, ки ӯ инсон нест. Дар зершарҳҳои шабакаҳои иҷтимоӣ одамон аз кишварҳои гуногуни собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ бо навиштани парчамҳои давлатҳои худ ба ӯ аҳсан мехонанд.
Робот ҷойи Шабнамро мегирад?
Ба гуфтаи Ғафурӣ, барои таҳияи як суруди Ясмина одатан 1-2 рӯз вақт сарф мешавад. Аммо мушкили асосӣ талаффузи забони тоҷикӣ аст.
“Баъзан барои дуруст кардани ҳамагӣ як ҷумла соатҳо кор мекунам. Ҳуши маснуӣ ҳанӯз фонетикаи тоҷикиро пурра намефаҳмад”, - мегӯяд ӯ.
Бо вуҷуди маъруфияти ин сарояндагони рақамӣ, на ҳама ба ояндаи онҳо хушбинанд. Продюссер Раҷ Аҳмад бар ин назар аст, ки сурудҳои сохтаи ҳуши маснуӣ метавонанд ба аслияти ҳунар таҳдид кунанд.
Ба гуфтаи ӯ, шуҳрати чунин сурудҳо маънои онро надорад, ки онҳо ба сатҳи ҳунармандони воқеӣ расидаанд.
“Сарояндаи ҳушвора ҳеҷ гоҳ ҷойи Шабнами Сурайё-ро гирифта наметавонад. Овозхоне, ки истеъдод, саҳна ва мухлисони худро дорад, ба зеҳни сунъӣ такя намекунад”,- гуфтааст Раҷ Аҳмад.
Рақобат байни ҳуши маснуӣ ва инсон
Коршиносони фанновариҳои нав мегӯянд, имрӯз яке аз машҳуртарин платформаҳои эҷоди мусиқии ҳушвора мебошад.
Ба гуфтаи онҳо, барнома бо забони англисӣ дар сатҳи хеле баланд суруд месарояд, аммо дар талаффузи тоҷикӣ ҳанӯз мушкил дорад.
Коршиносон мегӯянд, рақобат миёни сарояндагони воқеӣ ва сунъӣ аллакай оғоз ёфтааст.
Имрӯз ҳуши маснуӣ ҳатто овози сарояндагони фавтидаро “зинда” мекунад. Барои мисол, сарояндаи маъруфи эронӣ Ҳайида, ки соли 1990 даргузашт, дар соли 2025 бо кумаки ҳуши маснуӣ дубора “суруд хонд”. Дуэтҳои нави ӯ бо Муин дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳси зиёдеро ба вуҷуд оварданд.
Коршиносон мегӯянд, ҳуши маснуӣ метавонад раванди эҷоди мусиқиро осонтар кунад, аммо эҳсос, таҷрибаи саҳна ва иртиботи зиндаи ҳунарманд бо мардумро пурра иваз карда наметавонад.
Шояд дар оянда роботҳо беҳтар бихонанд, талаффузро комил кунанд ва ҳатто консерт баргузор намоянд. Аммо то он замон як суол боз мемонад: “Шунавандагон дар ниҳоят овози комили роботро интихоб мекунанд ё эҳсоси гарми инсонро?”.