Парвиз вақте фаҳмид, ки сирру асрораш аллакай фош шуда, ҳамсари қонуниаш онҳоро таъқиб карда истодааст, Мадинаро партофта рӯ ба гурез ниҳод. Таъқибгарон Мадинаро зӯран ба мошин савор карда ба самти номаълум бурданд. Бо ҳамин ин ҷавонзани дилдода бе дарак шуд ва танҳо пас аз 13 соат модари Мадина фаҳмид, ки духтараш бар асари лату кӯби шадид ба ҳолати кома афтода, дар шӯъбаи эҳёгарии беморхона байни маргу зиндагӣ қарор дорад...
Муштариёни азизи сомонаи Оила. ТЧ! Эҳтимол шумо гумон кунед, ки мо дар бораи кадом як сериали туркӣ қисса мекунем, вале фоҷиае, ки атрофаш сухан меравад, сохтаву бофта набуда, сарнавишти талхи як ҷавонзани тоҷик бо исми Мадина мебошад, ки бар асари лату кӯби бераҳмонаи ҳамсари марди дӯстдоштааш ба кома афтода, айни замон дар беморхонаи Қарияи Боло дар ҳолати вазнин қарор дорад.
Қазияи Мадинаро равоншинос Нинина Мамаҷонова зимни як сӯҳбати онлайнӣ дар саҳифаи фейсбукии худ расонаӣ кард. Аз гуфтаҳои равоншинос чунин бармеояд, ки ишқи як марди оиладор ба сари Мадина фоҷиа оварда, боиси ба кома афтодани ҷавонзан гаштааст. Тавре ки Мамаҷонова мегӯяд, рӯзи 25 ба 26-уми августи соли ҷорӣ, тахминан соатҳои 14: 00 Мадина барои партовҳоро партофтан аз хона берун шуда, пай мебарад, ки як мошин ӯро таъқиб карда истодааст. Дар даруни мошин зани қонунии марди дӯстдоштааш будааст. Ошиқон мехоҳанд якҷоя аз хона гурезанд, вале Мадина мегӯянд, ки беҳтараш шумо бо таксӣ равед, ман ягон чора меёбам.
Ҳамин тавр марди дӯстдошааш ӯро танҳо монда фирор мекунад ва таъқибгарон Мадинаро ба мошин савор карда, (маълум нест, бо кадом роҳ) ба самти номаълум мебаранд. (Аз рӯи ду фарзия ба Варзоб ё ба Тагоб) Дар он ҷо чӣ ҳодиса мегузарад, касе намедонад, фақат ҳамин қадараш маълум аст, ки баъди 13 соат модари Мадина аз ин фоҷиа дарак ёфта, фаҳмидааст, ки духтараш бар асари лату кӯб ба кома афтодааст ва ӯро аз вазнинхона пайдо мекунанд.
Равоншинос дар сӯҳбаташ қайд менамояд, ки аз рӯйи гуфти модари Мадина дар бадани Мадина изи кабуд, ки аз зарбаи ашёи кунд пайдо шудааст, дида мешавад. Дар гарданаш паи шарф ё рӯймол аст, ки шояд бо он Мадинаро бӯғӣ кардан хостаанд. Дар баногӯшаш низ паи нохун ба назар расида, чунин менамояд, ки ҷавонзанро аз қафо бӯғӣ кардаанд. Дар нишастгоҳи пеши мошин тарӣ дида мешавад, ки ҳангоми бӯғӣ кардан ба вуҷуд омадааст...
Баъд аз ташхис духтурон муайн кардаанд, ки Мадина дар марҳилаи чаҳоруми “кома”, ки дар пайи буғӣ кардан ба вуҷуд омадааст, қарор дорад.
Мадина аз 26 август то 1 сенябр дар ҳолати “кома” қарор дошт. Пас аз ба ҳуш омадан вай бехудона фарёд мезад. Духтурон ба ӯ дорӯ медиҳанд ва ором мекунанд.
Модари Мадина гуфтааст, ки духтараш рӯҳан солим буд ва аз ягон дард шикоят намекард, вале ба гуфти духтурон, акнун ба ҳуш биёяд ҳам, вай дигар мисли пешина солим намемонад.
“Дар муддатии 13 соати ғайб заданаш аз сари Мадина чӣ гузашту ӯро ба куҷо бурданд ва чӣ гуна азоб доданд, касе намедонад, вале аз ин қазия бӯйи омодагии ҷиддӣ меояд. Равшан аст, ки одамрабоӣ саҳлу осон нест ва ин корҳоро як шахс дар танҳоӣ анҷом дода наметавонад.
Мадинаро бо супориши кӣ дуздиданд?
Ҷавонзанро кӣ ва чӣ гуна ба мошин бор карда бурд?
Мадинаро ба куҷо бурданд ва чӣ гуна ҷазо доданд?
Сабаби ба кома афтодани Мадина чист?
Зане, ки Мадинаро дар ҳолати вазнин ба беморхона расондааст, кист?
Ба ҳамаи ин саволҳои бе ҷавоб танҳо баъди таҳқиқи пурраи ин қазия аз ҷониби мақомот метавон посух пайдо кард.
Р\S:
Барои фаҳмидани асли воқеа кормандони сомонаи Оила. ТЧ ба беморхонаи Қарияи Боло муроҷиат намуданд, вале табибон аз шарҳи ҳодиса худдорӣ карданд.
Фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ нисбати ин фоҷиа бетараф намонда, бо ирсоли як номаи кушода ба унвонии
Раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон -Рустами Эмомалӣ;
Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода;
Прокурори генералии ҷумҳурӣ Раҳмон Юсуф Аҳмадзода тақозо кардаанд, ки афроди Мадинаро ба ин ҳол расонида ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.