Arzon march 2024
Раҷаббой Аҳмадзода аз ҳоли Ҷӯрабек Набиев хабар гирифт
607

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон Ҷӯрабек Набиевро аёдат кард.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд, Раҷаббой Аҳмадзода аснои суҳбат ҳунарманди мумтозро ба муносибати зодрӯзаш табрик гуфта, ба ӯ саломативу саодати рӯзгорро таманно намуд.

Бояд гуфт, ки Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон Ҷӯрабек Набиев 10-уми феврали соли 1941 ба дунё омадааст. Баъди хатми Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Ленинобод (ҳоло Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров) фаъолиятро дар боргоҳи азими ҳунар - Театри давлатии мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ ба ҳайси солист-овозхон шуруъ карда, бо меҳнати бисёрсолаи худ ба қуллаҳои баланди санъат расид.

Суруду оҳангҳои нотакрори ҳунарманд шунавандагони худро пайдо карда, ӯро миёни мардум маъруф намуд. Устоди санъат дар сароидани сурудҳои классикӣ ва халқӣ маҳорати баланд дошта, сурудаҳои ӯ дар хазинаи тиллоии Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон, Идораи телевизион ва радиои вилоят маҳфузанд ва имрӯз ҳам шунавандагону мухлисони бешумор доранд.

Ҷӯрабек Набиев имрӯз низ месарояд ва пайваста дар хизмати давлату миллат аст. Хизматҳои арзандаи ӯ аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон бо унвони баланди Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва як қатор ҷоизаву ифтихорномаҳо арҷгузорӣ шудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД