Юсуф Раҳмон, Прокурори генералии Тоҷикистон, зимни нишасти хабарӣ боздошти роҳбари Бемористони “Ибни Сино” Абдухалил Холиқзодаро тасдиқ намуд.
Юсуф Раҳмон гуфт, инсон бояд шукргузор бошад. Дар дунё ҳатто рӯзи шукргузорӣ ҳаст ва одамон ин рӯзро ҷашн мегиранд, ид мекунанд.
"Аммо ин шахс аз сулҳу осоиштагии кишварамон ношукрӣ карда, дар китобаш ба таҳқири миллат, барангехтани иғвои динию мазҳабӣ ва тақири ошкорои намояндагони минтақаҳои мухталифи ҷумҳурӣ даст задааст. Ман худам шахсан амр кардам, ки ин шахс ба ҳабс гирифта шавад. Мувофиқи қонун барои ин кирдораш ҷавоб мегӯяд”, - таъкид намуд Прокурори генералӣ.
Гуфт шуд, ки нисбат ба Абдухалил Холиқзода бо қисми 2-и моддаи 189-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон, барои барафрухтани ихтилофоти миллӣ, маҳаллӣ, иҷтимоӣ ва динию мазҳабӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст. Тибқи ин модда барои кирдорҳои дар боло зикршуда ҷавобгарии ҷиноятӣ дар шакли маҳрумият аз озодӣ ба мӯҳлати аз 5 то 10 сол бо манъи ишғол намудани вазифаҳои муайян ё бидуни ин шарт пешбинӣ шудааст.
“Ин шахс то солҳои 1992 дар ҷайбаш як пули пучак ҳам надошт. Дар даврони Истиқлолият бо шарофати сулҳу осоиштагии кишварамон ва сиёсати оқилонаи Пешвои миллат дар самти дастгирии соҳибкорӣ ва соҳибкорони ватанӣ рӯ ба соҳибкорӣ овард ва клинникаи шахсӣ кушода, соҳиби миллионҳо сомонӣ гашт, вале ба ҷойи шукр кардан дар китобаш миллати тоҷикро ошкоро таҳқир кардааст, иғвои динию мазҳабӣ барангехта, намояндагони минтақаҳои мухталифи кишвари моро таҳқир кардааст”, - таъкид кард Юсуф Раҳмон.