Formula novemver 2024
ПРИЯНКА ЧОПРА: ДАР АМРИКО ЗИНДАГИРО АЗ НАВ ШУРӮЪ КАРДАМ
1495

 

Даричаи ошноӣ:
Ному насаб: Приянка Чопра.

Сол ва ҷои таваллуд: 18.07.1982, шаҳри Ҷамшедпури Ҷумҳурии Ҳиндустон.
Касб: ҳунарпеша, овозхон ва модел.
Ҷоиза: “Зебосанами ҷаҳон-2000” ва 5 ҷоизаи “Filmfare Awards” барои беҳтарин нақшҳои занона.
Вазъи оилавӣ: оиладор.

Шавҳараш: Ник Ҷонас, овозхон, ҳунарманд ва оҳангсози 28-солаи амрикоӣ.Приянка ва Ник аввали соли 2018 бо ҳам шинос шуда, моҳи августи ҳамон сол номзад шуданд. Моҳи декабри соли 2018 маъракаи хонадоршавии эшон дар асоси анъанаҳои масеҳӣ ва ҳиндӣ дар яке аз иёлотҳои калонтарини Ҳиндустон-Раҷастҳан баргузор гардид. Ники амрикоӣ аз Приянкаи ҳиндустонӣ 10 сол хурд аст, аммо новобаста аз фарқияти синнусолӣ ва гуногун будани фарҳангҳо ҷуфти ҳунарманд ҳамдигарро хуб дарк мекунанду хушбахтанд. Приянка баъди ба шавҳар баромадан ба Амрико кӯчид ва ҳоло банди банаворгирии чанд лоиҳа барои телевизионҳои Амрикост. Аз фурсат истифода бурда, бо ӯ суҳбате анҷом додем, ки баҳратон пешкаш месозем.

-Хонум Приянка, аз куҷо бо мо дар тамос ҳастед?

-Аз Лондон. Қариб як сол мешавад, ки ин ҷо ҳастам. Наворбардории як филмро ба анҷом расонидам ва сабти филми дувум наздик аст.

-Бинобар паҳн шудани COVID-19 дар ҳама ҷо сабти филмҳо бекор карда шуда буданд, аммо дар Лондон идома доштанд, ҳамин тавр?

-Бовар кунед, хеле даҳшатнок буд. Дар давраи пандемия мо ду филм ба навор гирифтем. Ҳар рӯз аз санҷиш мегузаштем. Гурӯҳи эҷодӣ бо ниқоб мегаштанд. Масофаи байни ҳамдигарро риоя мекардем. Хулоса, хеле сермаҳсул будем.

-Чанде пеш дар “Instagram” расме гузоштед, ки он ҷо 17 сол доред. Вақте ба расми даврони ҷавонии худ менигаред, чӣ андеша дар саратон чарх мезанад?

-Вақте ба он расм нигаристам, пеш аз ҳама гуфтам, ки “Худоё, ман чӣ қадар лоғар будаам. Он камари борик куҷо шуд?” (механдад)

-Филмҳои Болливуд (Ҳиндустон) дар олами синамо ҷойгоҳи махсус доранд. Ба фикри шумо, филмҳои ҳиндиро чӣ то ин андоза машҳур мекунад?

-Бале, дар ҳақиқат дар Болливуд филмҳои зиёд дар жанрҳои гуногун ба навор гирифта мешаванд. Ҳатто тамоми ҷаҳон калимаи “Болливуд”-ро ҳамчун жанри синамо қабул кардааст. Филмҳои ҳиндӣ ба он хотир зуд машҳур мешаванд, ки эҳсосотианд ва донистани забонро талаб намекунанд.

-Ба даст овардани муваффақият дар Болливуд осонтар аст ё дар Ҳолливуд (Амрико)?

-Дар ҳар куҷое набошед, дар соҳаи синамо, умуман, дар соҳаи фарҳанг муваффақ шудан душвор аст. Агар шахс корашро хуб иҷро кунаду ба худ боварӣ дошта бошад, ба дилхоҳ ҷой муваффақ шуда метавонад.

-Чаро ҳунармандони ҳинд ба Амрикову Аврупо камтар кӯч мебанданд?

-Зеро ба ин эҳтиёҷ надоранд. Синамои ҳинд бузургтарин дар ҷаҳон аст. Он қадар филме, ки Ҳиндустон истеҳсол мекунад, ҳеҷ кишваре истеҳсол карда наметавонад ва ҳунармандони ҳинд ҳам ба кори дигаре ниёз надоранд.

-Шумо бо ҳунарманди амрикоӣ Ник Ҷонас издивоҷ кардед ва як маросими бошукӯҳи арӯсӣ низ оростед. Шумо ва Ник фарҳангҳои комилан гуногун доред. Дар ин мавзӯъ чӣ гуфтан мехоҳед?

-Фарҳангҳои мухталиф дошта бошем ҳам, кӯшиш мекунем, ки ҳамдигарро омӯзем ва то имрӯз хеле чизҳоро аз худ кардем. Баъзан дар бораи фарҳанги Амрико баъзе ҷузъиётро фаромӯш мекунам ва Ник низ чунин аст.

-Дар мавриди издивоҷ бештар ба шумо чӣ маъқул аст?

-Вақте ки шумо шахси бароятон мувофиқро пайдо мекунед, издивоҷ мисли мӯъҷиза мешавад.

-Дар бораи китоби шумо, ки “Нотамом” унвон гирифтааст, пурсидан мехоҳам. Чанд ҷумла гуфта метавонед?

-Китоб ба он хотир “Нотамом” ном гирифтааст, ки ман чунин ҳис мекунам. Вақте ба Амрико кӯчидам, ҳаёти навро шурӯъ кардам, аммо китоб фаъолияти 20-солаи гузаштаи маро дар бар мегирад. Агар росташро гӯям, он китоб маро метарсонад, зеро он чандин ҷойҳои нозуки маро ба хонанда мерасонад. Дар бораи он чизҳое гуфтаам, ки қаблан боре ҳам нагуфта будам ва ин хеле даҳшатнок аст.

-Нақшаҳои ояндаатон чӣ гунаанд?

-Мехоҳам дар оянда нақшҳоеро бибозам, ки маро азият диҳанд. Мехоҳам ба олами синамо чуқуртар ворид шавам. Ин аввалин ва бузургтарин рисолати ман хоҳад буд. Мехоҳам продюсер бошам, то чеҳраҳои навро кашф кунам.

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД