Маскав барномаи сафари расмии президенти Федератсияи Русия Владимир Путинро ба Тоҷикистон, ки шоми имрӯз, 8-уми октябр вориди шаҳри Душанбе мегардад, эълон кард. Дар ин бора ТАСС хабар додааст.
Барномаи сафар:
- Маросими гузоштани гулчанбар ба пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ;
- Хӯроки нисфирӯзии ғайрирасмии Владимир Путин ва президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Рӯзи 9-уми октябр дар Қасри миллат ҷаласаи расмӣ баргузор гашта, ҳайатҳо муаррифӣ карда мешаванд, аксбардории муштарак ба нақша гирифта шудааст.
Пас аз ин, музокироти як ба як ва бо иштироки доираи васеи намояндагон барои баррасии масоили муҳими ҳамкорӣ дар самтҳои сиёсат, амният, тиҷорат, масоили иҷтимоӣ ва башардӯстона баргузор мегарданд.
Ҳамчунин табодули афкор доир ба масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ дар назар дошта шудааст.
Ёдовар мешавем, ки нишасти сарони кишварҳои ИДМ рӯзи 10-уми октябр дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад.