Arzon march 2024
Президент гуфт: Сатҳи таҳсил дар Тоҷикистон қаноатбахш нест!
25.01.2024
ОИЛА
390

Дирӯз, 24-январ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни баргузории маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз вазъи сифати таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ изҳори нигаронӣ намуданд.

«Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки сифати таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба 33,4 фоиз, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ба 39,8 ва олии касбӣ ба 40,3 фоиз баробар аст», -изҳор намуданд Президенти Тоҷикистон.

Ба гуфтаи Сарвари давлат, ин нишондиҳандаҳо ба талаботи меъёрҳои муайяншудаи байналмилалӣ ҷавобгӯ нестанд. Зеро тибқи стандартҳо, агар нишондиҳандаи сифати таҳсил то 50 фоизро ташкил диҳад, он ғайриқаноатбахш ҳисобида мешавад.

«Дар чунин ҳолат омода намудани мутахассисони баландпояи ҷавобгӯ ба талаботи имрӯзаи бозори меҳнати дохиливу хориҷӣ, инчунин тайёркунӣ ва азнавтайёркунии кадрҳои илмиву педагогӣ ғайриимкон мебошад», -изҳор доштанд муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
“Бо ин мақсад Роҳбари давлат ба роҳбарону масъулини соҳа дастур доданд, ки дар ин самт тадбирҳои таъхирнопазир андешанд.”

«Аз ин лиҳоз, Вазорати маориф ва илм, Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, Агентии назорат дар соҳаи маориф ва вазорату идораҳои марбута бояд фаъолиятро дар самти баланд бардоштани сифати таҳсил дар муассисаҳои ҳамаи зинаҳои таҳсил вусъат дода, доир ба мунтазам гузаронидани мониторинги сифати таълим чораҷӯйӣ намоянд», — таъкид намуданд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Манбаъ: “Ховар”

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД