arzon replenishment
ПИСАРОНИ БАҲРОМ ҒАФУРӢ ИЗДИВОҶ КАРДАНД
06.09.2021
Оила
10371

 

Анӯшервони Баҳром ва Эҳсони Баҳром, писарони овозхони зиндаёд Баҳром Ғафурӣ, баъди як соли даргузашти падарашон издивоҷ кардаанд. Тӯйи онҳо санаи 21-уми августи соли ҷорӣ баргузор гардидааст.

Писари калонии овозхон Анӯшервон қабл аз маросими хонадоршавиаш дар барномаи “Дурбин”-и радиои “Азия-Плюс” гуфта буд, ки ба хотири падараш тӯяшро на дар тарабхона, балки дар хона ва бидуни базму бозӣ гузаронидан мехоҳад. Аммо баръакси Анӯшервон, тӯйи Эҳсон бо иштироки Шабнами Сурайё, Зикриоллоҳ Ҳакимов ва дигар ситораҳои тобноки эстрадаи тоҷик, на дар муҳити хонавода, балки дар тарабхона баргузор гардидааст. Баҳром Ғафурӣ 7-уми августи соли 2020 дар натиҷаи як садамаи нақлиётӣ дар синни 44-солагӣ даргузашта буд ва хонадор кардани фарзандонаш яке аз орзуҳои асосии овозхон ба ҳисоб мерафт. Овозхон соҳиби чор фарзанд, се писару як духтар буд.

Писари калониаш Анӯшервон идомадиҳандаи касби падар мебошад. Писари дувумаш Эҳсон дар Академияи милитсия ва писари хурдиаш Юсуф дар мактаби мусиқӣ таҳсил мекунанд. Ягона духтари овозхон, ки исмаш ба мо маълум нест, дар синфи 3-юм таҳсил мекунад. Анӯшервон ният дорад, моҳи феврали соли 2022, ки зодрӯзи падараш ба ин моҳ рост меояд (29-уми феврал), як барномаи консертии алоҳида баргузор намояд.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД