Arzon march 2024
Пешгирӣ ва табобати гепатит дар Тоҷикистон
617

 

18- июли соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода вобаста ба ошкорсозӣ ва бақайдгирии гепатитҳои вируси дар байни аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ доир гардид, ки дар он муовинони вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Муҳсинзода Ғафур Муҳсин, Амирзода Абдухолиқ Амир, доираи васеи табибони сироятшинос ва гастроэнтеролог иштирок намуданд.


Дар ҷаласаи мазкур ошкорсозӣ ва бақайдгирии гепатитҳои вирусӣ дар байни аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, беҳтар ва сифатан хубтар намудани таҳлилҳои озмоишгоҳӣ (ҳам давлатӣ ва хусусӣ) муоинаи ҳатмии пеш аз амалиётҳои ҷарроҳӣ, дандонпизишкӣ, ошкорсозии сарчашмаи сироятёбии беморон, ташкили махзани ягонаи бақайдгирии гепатитҳои вирусӣ, мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Дар ин борва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии ҷумҳурӣ дар саҳифаи Фейсбук хабар додааст.

Бояд гуфт, ки гепатитҳои вирусӣ ба намудҳои зерин ҷудо мешаванд: «А», «В», «С», «Д», «Е», «F», «G». Гепатитҳои вирусии «А» ва «Е» бемориҳои шадиди сироятии вирусӣ буда, бо роҳҳои фазладаҳонӣ бо зарарёбии ҷигар, испур ва пайдошавии аломатҳои заҳролудии он бо варами ҷигар пайдо гардида, дар ватани мо танҳо 5 намуди он (А, В, С, D ва E) муайян карда мешаванд.
Гепатитҳои «В» ва «С» бемориҳои шадиди сироятии вирусӣ буда, бо задани ягон чизи бегона ва бо вариантҳои гуногуни клинико-патогенетикӣ мегузаранд, ки ҷигар ва испурч зарар ёфта, варам мекунад.

Гепатитҳои вирусӣ яке аз мушкилотҳои ҷиддии соҳаи тандурустӣ дар ҷаҳон ба шумор рафта, айни замон гирифторони ин беморӣ дар саросари олам зиёд шуда истодаанд.
Дар асоси тадқиқоти Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» паҳншавии гепатити В дар байни аҳолии калонсолон аз 4 то 6% ва гепатити С аз 3 то 5%-ро ташкил медиҳад.

Қобили зикр аст, ки паҳншавии генотипҳои гепатити вируси С дар ҷумҳурӣ аз ҳисоби генотипи 1б, 2а ва 3а дида мешаванд.

Ҳоло 95-100%-и беморони гирифтори гепатити музмини С пас аз табобат бо доруҳои нави зиддивирусӣ пурра табобат мешаванд. Шахсони гирифтори гепатити В таҳти назорати диспансерӣ қарор гирифта, вобаста аз вазъи фаъолияти ҷигар ва миқдори вирус давра ба давра табобати зидди вирусӣ мегиранд.

Бино ба гуфтаи мутахассисони соҳа, гепатити шадид бисёр вақт бо нишонаҳои зерин сар мешавад: камқувватӣ, мондашавӣ, баланд шудани ҳарорати бадан, зардшавии склераи чашму пӯст, ранги зарди баланди пешоб ва берангшавии ахлот.

Аммо, гепатити музмин аксаран бе зуҳуроти клиникавӣ ҷараён меёбад ва танҳо ташхиси озмоишгоҳӣ онро ошкор менамояд.

Одами солим бояд барои пешгирӣ аз ин беморӣ ҳамеша дастонашро шӯяд, оби ноҷӯшидаро истеъмол накунад. Инчунин, волидонро зарур аст, ки кӯдакони навзодро дар таваллудхона ё ин, ки дар дармонгоҳҳо ваксинаи зидди вирусҳои гепатит гузаронанад. Агар дар хона ё ҳамсояҳо бемории гепатити вирусӣ пайдо шавад, бояд атрофиён аз бемор эҳтиёт бошанд. Бо маҳлулҳои хлордошта безарар гардонидани асбобу анҷоми хона, сару либос, рафти хоби бемор ва асбобҳои тиббии дар бемор истифодашуда дар ин ҳолат зарур ва ҳатмӣ буда, риояи чунин ҳолатҳо барои пешгирии ин беморӣ бисёр муфид мебошанд.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД