Кароматулло Раҳимов, падари сарояндаи маъруф Ситораи Кароматулло, ки аз соли 2020 сарварии Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраевро бар уҳда дошт, имрӯз аз мақом барканор шуд. Дар ин як манбаъ ба Oila.tj хабар дод.
Кароматулло Раҳимов зимни суҳбат бо Oila.tj ин хабарро тасдиқ карда, гуфт, ҳанӯз мақоми наваш муайян нест.
”Нав муовини вазири фарҳанг Обид Назариён омада, фармонҳоро хонданд. Гуфтанд, ки бо сабаби ба кори дигар гузаштан озод шудаам, аммо дар бораи кори навам ҳоло чизе нагуфтанд”, - гуфт ӯ.
Ба иттилои манбаи мо, акнун Бахтовар Раҳмонзода ба курсии Раҳимов нишаст. Ӯ то ин замон директори генералии Муассисаи давлатии «Иттиҳодияи давлатии гурӯҳҳои эҷодию консертӣ»-и Вазорати фарҳанг буд. Оне, ки ба ҷойи Раҳмонзода омад, ҳанӯз мушаххас нест.
Кароматулло Раҳимов 20-уми феврали соли 2020 ба ҷойи Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Афзалшоҳ Шодиев роҳбари Филармония таъин шуда буд. Ӯ қаблан Мактаби мусиқии бачагона ба номи М. Атоевро роҳбарӣ мекард.