Formula novemver 2024
ОЗОДА НУРСАИДОВА : АЛВАЪДАВУ ДАЙН ГУФТААНД!
2019

 

Овозхон ва оҳангсози 45-солаи ӯзбек Озода Саидзода (Нурсаидова) калиди панҷ хонаи истиқоматиро ба ҳамватанонаш, ки аз рахна шудани садди обанбори Сардоба дар вилояти Сирдарёи Ӯзбекистон зарар дида буданд, дар вазъияти тантанавӣ туҳфа кард.

Дар ин бора хабаргузории “UPL 24” хабар медиҳад. Хонаҳо на барои истифодаи муваққатӣ, балки барои зиндагии доимӣ тақдим гардида, дар ноҳияи Оҳангарони вилояти Тошканд воқеанд. Чуноне қаблан дар ин бора иттилоъ дода будем, баъди рахна шудани садди обанбори Сардоба овозхон ба кӯмаки ҳамватанонаш шитофт ва ваъда дода буд, ки панҷ хонаи истиқоматӣ, се хонаи сехуҷрагӣ ва ду хонаи дуҳуҷрагиро баъди таъмир ва таъмин намудан бо мебелу дигар ашёи рӯзгор ба зарардидагон ҳадя хоҳад кард. Ҳоло ӯ ба ваъдааш вафо кард ва барои зиндагии шоистаи панҷ оилаи офатзада саҳм гузошт.

Ба ғайр аз Нурсаидова, Юлдуз Усмонова низ ба мардуми офатзада як миқдор маблағ ва лавозимоти тиббӣ ирсол карда буд. Таваҷҷуҳ намоед ба як хабари дигар аз Ӯзбекистон. Озодбек Назарбеков, овозхон, вазири фарҳанги Ӯзбекистон ва ректори Донишкадаи санъати мусиқии миллии Ӯзбекистон ба номи Юнус Раҷабӣ унвони Ҳунарманди шоистаи Туркманистонро ба даст овард. Овозхон ин унвони фахриро бо фармони Президенти Туркманистон барои саҳми арзанда дар таҳкими муносибатҳои дӯстона миёни Ӯзбекистон ва Туркманистон соҳиб шудааст. Назарбеков қаблан дар чорабиниҳои ҳукуматии Туркманистон зиёд баромад мекард ва дар охир бо ин унвони фахрӣ мукофотонида шуд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД