Асари безаволи академик Бобоҷон Ғафуров “Тоҷикон” дар фарҳанги миллии мо нақши барозанда дошта, барои шахсоне, ки мехоҳанд аз таърихи миллати тоҷик огоҳӣ пайдо намоянд, беҳтарин манбаъ аст.
Дар замони муосир, ки раванди глобализатсия тамоми ҷаҳонро фаро гирифтааст, омӯхтани таърихи пурғановати халқу миллати худ барои ҳар шахси ватандӯст ва меҳанпарвар ҳам фарз ва ҳам қарз мебошад.
Бо мақсади таблиғи ҷавонон ба омӯзиши таъриху фарҳанги миллати хеш дирӯз дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикон - оинаи таърихи миллат» шуруъ гардид.
“Озмуни мазкур ба хотири арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори миллати тоҷик, омӯзиши амиқу ҳамаҷонибаи корномаҳои шоистаи ниёгони миллати тоҷик дар тӯли таърих, тақвияти ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ, таҳкими ҳофизаи таърихӣ ва ба ин васила шинохти нақши халқи куҳанбунёду фарҳангсолори тоҷик дар рушди тамаддуни инсоният, ки бо далелҳои раднопазир ва бо такя ба сарчашмаҳои илмию таърихӣ дар китоби мондагору пурарзиши академик Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» дарҷ гардидаанд, роҳандозӣ шудааст",-навиштааст ин муассиса.
Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикон»-оинаи таърихи миллат» бахшида ба 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров бо сарпарастии Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор мегардад.
Ҳадаф аз ин озмун тарғиби китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров” ва қадрдонии хизматҳои ин абармарди илму хирад дар зинда мондани таърихи миллати тоҷик мебошад.