Сарояндаи ҷавон ва овозадори тоҷик Фаррух Ҳасанов тасмим гирифтааст, ки дар остонаи иди бонувон ва “Рӯзи Модар”хотири мухлисонашро шод гардонида, дар шаҳри Душанбе як барномаи калони консертӣ барпо намояд.
Консети Фаррух Ҳасанов рӯзи 7-март, соати 18.00 дар “Кохи Борбад” баргузор хоҳад гашт. Ин аввалин консерти калони сароянда баъди комёбиаш дар озмуни “«Ну-ка, все вместе!»-и шабакаи 1-и ТВ-Россия мебошад, ки номи ӯро вирди забони хурду калон гардонд.
Ёдрас мешавем, ки ин сарояндаи ҷавон ва боистеъдоди тоҷик моҳи ноябри соли 2023 дар озмуни “Ну-ка, все вместе!»-и шабакаи аввали телевизиони Россия таронаи машҳури сарояндаи амрикоӣ Бруно Марс “Talking To The Moonm”-ро бо маҳорати хеле баланд иҷро карда, пирӯз гашт. Ба ҳунари волои сарояндагии ин ҳунарманди ҷавони тоҷик овозхонҳои машҳури Русия-Филип Киркоров, Николай Басков, Сергей Лазарев ва дигарон баҳои баланд доданд.
Ҳамин тавр Фаррух Ҳасанов соҳиби ҷоизаи озмун ва панҷ миллион рубл гашта, дар маросими ҷоизасупорӣ бо сари баланд иброз дошт, ки ин дастоварди худро ба Ватанаш-Тоҷикистони офтобӣ мебахшад.
Пас аз бозгашт ба Ватан раиси шаҳри Душанбе мӯҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Фаррух Ҳасанов калиди хонаи сеҳуҷрагиро дар пойтахт тақдим намуд.
Имрӯз номи Фаррух Ҳасанов дар радифи сарояндаҳои машҳури тоҷик қарор дорад ва овозхони ҷавон мехоҳад хотири мухлисони ҳунарашро бо барпо намудани як барномаи рангини консертӣ шод гардонад.