ИДОМААШ...
Бо шунидани ин гапҳо дунё ба чашми модар сиёҳ мешавад. Тамоми қувваашро ҷамъ карда, аввал модарамро ба мошин савор мекунад. Ронанда ҳам ба ў кӯмак мерасонад.
Аз писари амакам хоҳиш мекунад, ки либосҳои модарамро бурда, ба ронанда диҳад. Худаш ҳамон чўбро гирифта, ба хона даромаданӣ мешавад. Ҳарчанд ронанда аз ў хоҳиши рафтанро мекунад, аммо аз раҳаш намегардад. Вақте ки чўб дар даст бо қаҳру ғазаб ба хона медарояд, ранг аз рўи кампири наҳс мепарад. Бе ягон саволу ҷавоб бибиям то хунук шудани дилаш кампирро мезанад. Келинҳои дигари кампир дар хона буданд, аммо ба халос кардан кўшиш накарданд. Чунки ҳангоми модарамро заданаш кампир нагузошт, ки ӯро халос кунанд. Зулму ситами хушдоманро нисбати модарам зиёд дида буданд. Мехостанд, ки ба сазои амалаш расад. Бибиям чўбро гирифта, аз ронанда хоҳиш мекунад, ки мошинро рост ба идораи суд ҳай кунад. Бибиям ҳамроҳи ронанда модарамро ба идораи суд медароранд. Милисаи навбатдор аҳволи модарамро дида, духтур ҷеғ мезанад. Бибиям ҳам аз болои кампир ва ҳам аз рӯи падарам ариза шикоятӣ менависад. Аҳволи модарам ва задани он кампирро бо алам ба майор нақл мекунад, ронанда ҳам шоҳидӣ медиҳад. Майори ҷавон бо як капитан ба мошин савор шуда, барои овардани кампир мераванд. Духтур модарамро ба як ҳуҷра дароварда, захмҳои ўро сурат мегирад. Баёноти ронанда ва духтуронро бо аксҳои модарам ҷамъ карда, рӯи мизи майор мемонад.
Бибиям аҳволи модарамро дида, дарун-дарун месўзад. Аз он ки гул барин духтарро ба чунин оила додааст, худашро сарзаниш мекунад. Бо нўги рўймол ашки чашмонашро тез-тез аз рухсорҳояш пок мекунад. Модарам дар рӯи кат нолаи дилхарош карда, беҳаракат мехобад. Сару рўяш варам, ангушти хурдии дасти росташ шикаста, зери чашмонаш сиёҳ, пешонияш кафида. Дар бораи баданаш ҳоҷати гап набуд. Гўё касе ҳамаи рангҳоро якҷоя карда, ба дасту по ва пушту шиками вай рехта бошад. Ногоҳ сурати раҳматии бобоям пеши назари бибиям пайдо мешавад. Вай хеле ғамгин менамуд. Аз пешонии модарам бўсида, кафи дасташро ба рўи захми сараш монд. Баъд ба бибиям нигариста, сар ҷунбонд:
-Набояд духтарро ба ту бовар карда мерафтам. Ўро бояд бо худам мебурдам,- гуфту хомўш монд.
Бибиям сахт тарсида буд, чизе гуфта наметавонист. Садои гиряи баланди занона ўро ба худ меорад, даме ғанаб карда, ин ҳамаро дар хоб дидааст. Оҳиста дарро кушода, ба роҳрав менигарад. Он ҷо кампир бо амакҳоям, дар як сў янгаҳоям. Кампир беист гиря мекард, янгаҳоям бошанд, хурсанд буданд. Бо дастонашон даҳонашонро пўшонда буданд, то ки касе лабхандашонро набинад. Бибиям дар аввал боз рафта, кампирро лату кӯб карданӣ шуд, аммо модарамро танҳо мондан нахост. Ҳамон майор бо духтур ба назди модарам омаданд. Бибиям аз вай хоҳиш кард, ки агар корашон тамом шуда бошад, онҳоро ба беморхона баранд. Майор ба духтур нигарист. Духтур ҳам ҷавоб дод, ки ҳамаи корҳоро анҷом додааст. Онҳоро ба беморхона бурданд. Дар ин ҳангом падарам дар деҳа набуд. Барои коре ба пойтахт рафта буд. Ин хабарро шунида, аввал ба беморхона меравад. Аҳволи модарамро дида, сахт метарсад, ўро базўр мешиносад. Сар ба болини вай монда, зор-зор мегиряд. Аз чашмони модарам ашк мерезад, вале ба ҷуз нолиши гўшхарош чизе гуфта наметавонад. Хайрият, ки бибиям ҳамон вақт дар беморхона набудааст, вагарна падарамро ҳам хуб лату куб мекард. Падарам бо дили пурхуну дидаи гирён ба идораи суд меравад. Аҳли оилааш дар он ҷо, модараш паси панҷара. Ўро ба утоқи ҳамон майор бурда, баёноташро мегиранд. Ба саволҳои майор базӯр ҷавоб дода, гап зада наметавонист, гиря гулӯгираш мекард.
-Медонӣ, ки агар бо занат ягон ҳодиса шавад, модарат дигар озодиро намебинад,- мепурсад майор.
-Агар бо занам чизе ҳам нашавад, модарамро озод накунед. Ин ҳаққи вай аст. Бояд ҷазояшро бинад, –қатъӣ мегӯяд падарам.
Баъди аз ҳуҷраи майор баромадан падарам ба назди бародараш меравад. Асли воқеаро ба ў ҷиянҳову янгаҳояш нақл мекунанд. Аз модараш дилсард гашта, падарам ҳатто ўро модар гуфтан намехоҳад. Пас аз ду ҳафтаи ҳодиса, ки кампир дар ҳабс буд, фишораш баланд мешавад. Вақте ки ӯро ба беморхона мебаранд, фишораш ба зудӣ поён намешавад. Аз фишори баланд тарафи росташ аз кор мемонад. Даҳонаш каҷ, як чашмаш тамоман маҳкам мешавад. Бибиям доим мегӯяд, ки ин ҷазои Оллоҳ аст ва ў то қиёмат сиҳат нахоҳад шуд.
Модарамро бибиям ба хонаи худаш мебарад. “Ба онҳо духтар як тараф истад, хошоки дари хонаамро намедиҳам” мегуфт ва ба зориву таваллои падарам гўш намедод. Баъди ду моҳ падарам ба Русия сафар мекунад. Дар ғарибӣ бо ёди дубора бо модарам якҷоя шудан кор мекунад.
ДАВОМ ДОРАД...