Arzon march 2024
ОРИЁНО САИД: МАРО БЕҲУДА ЛАЪНАТ НАХОНЕД, МАРДУМ!
2746

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ сару садоҳо ва танқидҳои шадид дар мавриди баргузории консарти Ориёно Саид, сарояндаи овозадори Афғонистон интернетро ба ларза меовард.

Ориёно Саид дар рӯзи басо ғамангез барои кулли мардуми Афғонистон, замоне, ки заминларза ва сел як қисмати калони шаҳри Панҷшерро хароб сохта, ҷони садҳо одамони бегуноҳро рабуд, дар Олмон барномаи консертӣ барпо намуд ва ин амали ӯ боиси аланга задани оташи нафрати  мардуми Афғонистон нисбати ин сарояндаи пуровоза гардид. Дар интернет одамон ба ду гурӯҳ ҷудо гаштаанд. Гурӯҳи аввал дар чунин айёми ғамбор консерт барпо намудани Ориёноро хатои бузург ва нобахшидании ин сарояндаи машҳур меҳисобанд.

Замоне, ки кишвар ба ғаму дард печида, аз дили мардум хун мекчакад, рақсу бозиву хурсандӣ кардани Ориёно камоли бехирадист,- мегӯянд ин тоифа. 


Гурӯҳи дуюм аз Ориёно Саид пуштибонӣ намуда, дар ҷавоб навиштаанд, ки консерт пешакӣ муайян шуда буд ва Ориёно низ намедонист, ки он рӯз дар Панҷшер заминларза ва сел ба вуқуъ пайваста, шаҳрро хароб месозад.

Ёдрас мешавем, ки барномаи консартии Ориёно Саид ҳафтаи сипаришуда, санаи-26 -уми август дар шаҳри Дуселдорфи Олмон дар толори “Айсес дум” баргузор гашт. Дар толор танҳо 100 нафар меҳмони ифтихорӣ ҳузур доштанду халос. Боқӣ, алоқамандони сершумори Ориёно аз тариқи интернет ин барномаро тамошо карданд.


Ориёно Саид:
Маро беҳуда лаънат нахонед, мардум!

Овозхони афғон Ориёно Саид дар атрофи ин интиқодҳо чунин ибрози андеша намудааст:

Аввалан бояд бигӯям, ки ман ба ғами мардуми диёрам шарикам. Дилам ба дард омад, вақте хабари омадини сел ва бар асари ин офати табиӣ хароб гаштани Панҷшерро шунидам. Ба афроде, ки дар ин фоҷиа азизонашонро аз даст доданд, сабр мехоҳам ва дуо мекунам, ки офаридгор ҷойи гузаштагонро  ҷаннатулфирвс гардонад. 
Бовар кунед, мардумро гирд оварданам аз рӯи шодиву хурсандиям набуд. Аз чашмонам ашк ҷорӣ мегашт, вақте дар саҳна суруд мехондам. Дар зершарҳи тамоми видеоҳоям маро нафрину лаънат хондаанд, вале боз мегӯям, ки ғамшарикатонам мардуми азизи Афғонистон.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД