Formula novemver 2024
Қорибачаро нагирифта, пушаймон шудам
01.05.2022
ОИЛА
1895


Ман духтари 20-сола, аз шаҳри Душанбе ҳастам. Дар кӯчаи мо қорибачае зиндагӣ мекунад, ки ба тамоми мардони авлоди мо, аз падари ман сар карда, то амакҳову бобоям ӯро ҳурмат мекунанду дар тамоми маъракаҳоямон бологузар месозанд.

Бобову амакҳоям хеле мехостанд, ки қорибача аз миёни мо-панҷ амакдухтар якеро интихоб карда, ба занӣ гирад. Аслан Салоҳиддин ошиқи ман буд, вале азбаски ман ҳамон вақт бо ҷавоне муносибатҳои ошиқона доштам, барои зани қорибача шудан розӣ нашуда будам. Бо дӯстдоштаам низ созиш карда натавониста, ба зудӣ ҷудо шудем.

Билохира, бобоям коре карда, Салоҳиддини қорибачаро ба духтари аммаам фотиҳа кард, ба наздикӣ бояд тӯяшон баргузор гардад. Чанд рӯз қабл Салоҳиддинро дидам, ки аз хориҷа баргаштааст. Ростӣ, ӯро дидаму аз он ки хостгорияшро қабул накардам, сахт пушаймон шудам.

Салоҳиддин дар чанд соли дар хориҷа таҳсил карданаш чунон зебову хушсару либос шудааст, ки ҳаваси ҳар духтарро меорад. Рақамҳои телефонашро ёфта, таваасути сомонаҳои иҷтимоӣ ҳолу аҳволашро пурсоншудаму гуфтам, ки чаро маро дӯст медошту духтари аммаамро ба занӣ мегирад.

Салоҳиддин дар ҷавоб гуфт, ки “Ман ба ҳусну ҷамоли ту ошиқ будам, вале духтари аммаатро барои одобу иффаташ интихоб намудам”. Ҳарчанд ба Салоҳиддин изҳори муҳаббат карда, тавалло кардам, ки фотиҳаро гардонида, маро ба занӣ гирад, вале қорибача дар ҷавоб гуфт, ки аллакай дер шудааст ва намехоҳад духтари аммаамро дилшикаста гардонад. Ин қорибачаи худотарс мегӯяд, ки вақте духтари аммаат хостгории маро қабул кард, ман назди Худованд аҳд кардам, ки барояш беҳтарин шавҳар мешавам. Хонандаи азиз, шумо ба ман чӣ маслиҳат медиҳед? Ишқи корибачаро фаромӯш кунам?

Ш.Д.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД