Дирӯз, 22-юми июли соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба баррасии Нақшаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба омодагӣ ва эътино ба эпидемияҳо/пандемияҳо ҷаласаи корӣ доир гашт.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти вазорат, дар ҷаласа муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Абдухолиқ Амирзода, намояндагони Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон, сардорони раёсату шуъбаҳои дахлдори вазорат, роҳбарони як қатор муассисаҳои тандурустӣ ва мутахассисони соҳа иштирок намуданд.
Абдухолиқ Амирзода, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар зимни ифтитоҳи ҷаласаи мазкур ба шарикони рушд барои дастгириҳои пайвастаи соҳаи тандурустӣ изҳори миннатдорӣ намуда, баргузории чунин чорабиниро баҳри баланд бардоштани донишу малакаи мутахассисони алоқаманди соҳа муҳим арзёбӣ кард.
Дар идомаи суханронии хеш номбурда доир ба ҳадаф ва мақсади Нақшаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба омодагӣ ва эътино ба эпидемияҳо/пандемияҳо андешаронӣ намуд.
Баъдан, аз ҷониби як қатор иштирокчиён низ доир ба масъалаҳои гуногуни татбиқи Нақшаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба омодагӣ ва эътино ба эпидемияҳо/пандемияҳо маърӯзаҳо пешниҳод гардид.
Бояд гуфт, ки чорабинии мазкур то санаи 24-уми июли соли равон ба кори худ идома медиҳад.