Олимони Амрико доруи нодиреро ихтироъ намудаанд, ки ба ҳама намудҳои саратон фоида дорад. Дар ин бора расонаҳои хориҷӣ хабар додаанд.
Гуфта мешавад, ки ин дору системаи муҳофизатии организми инсон, яъне иммунитетро пурқувват мегардонад ва дар натиҷа худи ҷисм ба муқобили тамоми намудҳои ҳуҷайраҳои саратонӣ фаъолона мубориза бурда, онҳоро несту нобуд месозад. Табибон ин доруро як инқилоби тоза дар мубориза бо касалии саратон номидаанд, зеро сарфи назар аз махсусиятҳои ҳар як бемор онро дар тамоми маризон бидуни тарсу ҳарос истифода бурдан мумкин буда, он ба ҳама намудҳои саратон, аз ҷумла ба саратони майнаи сар, саратони пӯст ва саратони устухон низ фоида дорад.
Яке аз хусусиятҳои хеле нодири дорӯи нав дар он аст, ки зарурати гузаронидани кимиёдармониро аз байн бурда, имкон медиҳад, ки шахсони ба саратон гирифторшуда бе гирифтани химиятерапия ва гузаронидани ҷарроҳӣ шифо ёбанд.
Барои санҷиш доруи навро аввал ба мушҳо гузаронидаанд ва он тамоми намудҳои ҳуҷайраҳои саратониро несту нобуд намудааст.
Дар сурати иҷозат додан ба фуруши озоди ин дору минбаъд табобати касалии саратон ба мисли зуком осон хоҳад гашт.